Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

235 сар гӯспанд ба коми оташ рафтанд


Ахиран бар асари як оташсузӣ дар наздикии деҳаи Нимичи ноҳияи Рашт 235 гӯспанди аҳли ин деҳа ба ҳалокат расиданд. Феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот оғоз шудааст.

Гуфта мешавад, ки 70 сар гӯспанди ин рамаро сокинони ба ёрӣ расидаи деҳа тавонистаанд, ки «ҳалол» кунанд.

Дар ҳамин ҳол мутахассисон ҳаҷми хисороти ин ҳодисаро наздики 60 ҳазор сомонӣ арзёбӣ кардаанд.

Ба гуфтаи Фатҳуллоҳ Абдулхайров, муҳандиси калони хадамоти оташнишонии ноҳия, дар таърихи водии Рашт чунин ҳодиса бои аввал рух додааст. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки бар асари ин сӯхтор, ки ҷиҳати сабабҳои рух додани он фарзияҳо гуногунванд, ҳар хонаводаи ин деҳа 5 – 7-гӯспандӣ талаф додаанд.

XS
SM
MD
LG