Пайвандҳои дастрасӣ

Садҳо фаластиниҳои шомили маҳфилҳои тиҷоратӣ ва мутахассисон дирӯз аз таъсиси як ҷунбиши нави сиёсӣ хабар доданд, ки дар асл чун посух ба ноумедиҳои афзояндаи ин мардум аз ҳизби раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин Маҳмуди Аббос маншаъ мегирад.

Ҷунбиши «Фатҳ» тӯли даҳсолаҳо дар сари қудрат боқӣ монд, аммо дар самти роҳандозии ислоҳоти бунёдӣ ва муқобила бо фасод ноком шудааст. Номуваффақиятҳои ин ҳизб, ба вижа дар ду соли ахир, баъди шикасташ дар интихоботи порлумонӣ дар баробари ҷунбиши «Ҳамос» шиддат гирифт. Маросими муаррифии гурӯҳи тозатаъсиси сиёсӣ бо номи «Форуми Фаластин», ки бо сарпарастии Муниб-ал-Масрии 73-сола, як миллиардери фаластинӣ, сурат гирифт, тавассути як конфронси видеоӣ шаҳрҳои Ғаззаву Рамуллоҳро пайванд дод. Пуштибонони ҳизби нав гуфтанд, ки гурӯҳи онҳо ба як ҳизби сиёсӣ мубаддал мешавад ва номзадҳои худро барои ширкат дар интихобот пешбарӣ мекунад. Ҳанӯз таърихи интихоботи ояндаи Фаластин мушаххас нест.

Баъди интихоботи порлумонии соли 2006 «Фатҳ» -у «Ҳамос» вориди як муборизаи сиёсӣ шуданд, ки бо дуршавии «Фатҳ» аз қудрат анҷом ёфт. Моҳи июн нирӯҳои «Ҳамос» назоратро бар каронаи Ғазза ба дасти худ дароварда, Маҳмуди Аббосро водор карданд, ки аъзои ҳукумати «Ҳамос»-ро аз мақом барканор кунад. Бар ивази «Ҳамос» раҳбари худгардони Фаластин, ки ҳамакнун танҳо назоратро ба Каронаи Ғарбӣ дар ихтиёр дорад, нафарони худро ба узвияти ҳукумат ворид кард. Назарсанҷиҳои ахир ҳокӣ аз онанд, ки тақрибан сеяки ҷомиъаи Фаластин дигар ба ҳеҷ як ҷунбиши сиёсӣ эътимод надорад.

Дар ҳамин ҳол, ал-Масрӣ гуфтааст, ки ният дорад фаъолона вориди саҳнаи сиёсӣ шуда, дар самти ислоҳоти иҷтимоъиву иқтисодӣ, пешбурди низоми маъориф, беҳбуд бахшидани зиндагии бахши нодори ҷомиъа ва муттаҳидсозии Ғаззаву Каронаи Ғарбӣ талош ба харҷ диҳад. Дар суҳбат бо «Ассошейтед Пресс» оқои Муниб-ал-Масрӣ изҳор кард, ки нигарониҳо аз сарнавишти ояндаи мардуми Фаластин ӯро водор ба он намудааст як нерӯи сиёсии демократиро барои миллати худ созмон дода, дар ҳаққи мардум ғамхорӣ кунад: «Вазъият хеле душвор аст, ҳолат бадтар мешавад ва мардум шадидан номумед шудаанд».

Гуфта мешавад, Муниб-ал-Масрӣ дар Амрико таҳсил карда, раҳбари як ширкати сармоягузории идоракунандаи соҳаи мухобирот мебошад. Инчунин вай дар риштаҳои кишоварзиву саноат ва ҷаҳонгардиву бонкдорӣ сармоя дорад. Ӯ бештар дар миёни табақаи миёнаҳол ва элитаи Каронаи Ғарбӣ нуфуз дошта, ваъда додааст барои ҳимояти манфиатҳои тиҷоратии ин мардум дар шароити номусоиди сиёсии Фаластин кор кунад.

Дар «Форуми Фаластин» бар ин назаранд, ки дар сурати нокомиҳои Аббос дар роҳи рафъи мушкилоти мисли фасоду ришват, хешутаборчигӣ ва ислоҳоти дохилии «Фатҳ» ин ҳизб ҷои онро хоҳад гирифт.

Баъди ташкили ҳукумати нави Маҳмуд Аббос Ғарб ироъаи кумакҳояш ба Фаластинро дубора аз сар гирифт, аммо вазъият ҳамоно буҳронӣ боқӣ мемонад.

Феълан ҳудуди 30 дарсади сокинони инҷо аз бекорӣ, инчунин беш аз нисфи мардум аз фақру нодорӣ ранҷ мекашанд.

Дар ҳоле, ки ҷунбиши «Фатҳ» ҷонибдори равобити сулҳомез бо Исроил аст, «Ҳамос» мавҷудияти Исроилро инкор мекунад ва аз ҷониби Исроил, Аврупо ва Ғарб ба феҳрасти гурӯҳҳои террористӣ шомил шудааст.

Ҷамил Рабоҳ, як таҳлилгари маҳаллии афкори умум дар Фаластин, мегӯяд, ки «мардум аз лиҳози ақидатӣ бо «Фатҳ» наздиктар ҳастанд» ва аз ҳалли сулҳомези буҳрон бо Исроил пуштибонӣ мекунанд.

Дар сурати нокомиҳои ояндаи «Фатҳ» ин имкон вуҷуд дорад, ки мардум «Форуми Фаластин»-ро чун ҷойгузини ин ҳизби сиёсӣ арзёбӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG