Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти расмии Тоҷикистон дар бораи кашфи як қуттии шубҳаангез дар назди Кохи раёсатҷумҳурии кишвар маълумоти зидди ҳам медиҳанд.

Дар ҳоле ки раиси ситоди Вазорати умури дохилии Тоҷикистон Ҳайдар Маҳмадиев мегӯяд, минрӯбон аз қуттии дарёфтшудаи назди Кохи раёсатҷумҳурии кишвар ҳеч чизи шубҳаангез пайдо накарданд ва хабари эҳтимоли бомбагузорӣ дар ин ҷо дурӯғ будааст, ноиби аввали раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон Қосим Ғаффоров гуфтааст, қазияи кашфи қуттӣ ва тафтиши он як барномаи тарҳрезишудаи тамринӣ буд ба хотири озмоиши ҳушмандии мардуми пойтахт ва шеваи кори ниҳодҳои амниятию интизомӣ.

Рӯзи панҷшанбеи 15-уми ноябр дар назди Кохи раёсатҷумҳурии кишвар дар самти Театри драмаи русии ба номи Маяковский як қуттии шубҳаангез кашф гардид, ки эҳтимол рафт, бомбае бошад. Ба зудӣ нирӯҳои интизомӣ маркази шаҳри Душанберо ба муҳосира гирифтанд ва ҳаракати нақлиёт дар ин қисмати хиёбони Рӯдакӣ қатъ гардид. Ба ҷои ҳодиса минарӯбон даъват шуданд ва қуттиро тафтиш карданд. Ҳаракати мардум дар ин минтақа ва аккосии ҷои ҳодиса барои хабарнигорон мамнӯъ гашт. Дар пасманзари таркиши назди Кохи ваҳдат дар рӯзи пеш ва ҳалокати як нафар бар асари он ҳодисаи марбут ба қуттии шубҳаангез дар назди Кохи раёсатҷумҳурӣ дар шаҳр ваҳму нороҳатӣ эҷод кард.

Дар ҳоле ки намояндагони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳодисаи дуввумро таҳдид нав ба амнияти шаҳр меноманд, масъули аршади Кумитаи амнияти миллӣ ин ҳодисаро тамрин номидааст. Маълум нест, чаро тамрини аз пеш тарҳрезишуда дуруст дар рӯзе иттифоқ афтод, ки мардуми шаҳр ва кишвар аз хабари такондиҳандаи таркиши рӯзи чаҳоршанбе ба худ наомадаанд. Дар бораи таркиши назди Кохи ваҳдат мақомоти расмӣ ёфтаҳои худро ба таваҷҷӯҳи ом нарасондаанд.

Коршиносон ва мардуми оддӣ пешниҳод мекунанд, ки чораҳои дидбонии амниятӣ дар шаҳр тақвият дода шаванд.

XS
SM
MD
LG