Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шифохонаи минтақаӣ баста мешавад


Сокинони яке аз калонтарин деҳоти ноҳияи Роштқалъа Тавдем дар номае ба мақомоти маҳаллӣ аз судури як фармони идораи тандурустии Бадахшон дар мавриди басташавии шифохонаи минтақавӣ ва ба ҷои он таъсис ёфтани маркази саломатӣ изҳори нигаронӣ кардаанд.

Сокинон мегуянд, бо басташавии шифохона ва таъсиси маркази саломатӣ, ки танхо рӯзона фаъолият хоҳад кард, онҳо дар мавриди дастрасӣ ба хизматрасонии тиббӣ ба мушкилот рӯбарӯ мешаванд. Зайдулло Муборакқадамов, сокини деҳаи Тавдем изҳор дошт, ки ду фарзанди вай бемории зардпарвин доранд, аммо чанд рӯз аст, ки ӯ наметавонад онҳоро ба шифохонаи марказии вилоят интиқол бидиҳад.

Вай мегуяд, то Хоруғ 18 ва то Роштқалъа 25 километр роҳ аст ва на ҳама метавонанд беморро ба он ҷо баранд. Вай гуфт, як ҳафта мешавад, ки фарзандонаш зардпарвинанд, аммо пул надорад, ки онҳоро ба марказ барад.

Аммо, ба гуфтаи сардори идораи тандурустии вилоят Утуканбек Темурбеков, басташавии шифохонаи минтақавӣ ва ба ҷои он таъсиси маркази саломатӣ бо мақсади таҳким бахшидани муассисаҳои ёрии аввалияи тиббӣ дар маҳалҳо амалӣ шуда, дар тӯли як соли оянда дар Бадахшон дар чаҳорчӯби барномаи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ 6 шифохонаи минтақавии навоҳии мухталиф ба маркази саломатӣ табдил хоҳанд шуд.

Вай гуфт, имконияти кадрӣ ва фаннии шифохонаҳои минтақавӣ заъиф аст. Аз ин рӯ, аз ҳисоби маблағи сарфашуда дар марокизи саломати кумак ба ашхоси камбизоат бештар мешавад. Аммо раиси ҷамоъати Тавдем Мамадраҳим Занҷирхонов мегуяд, ки дар деҳоти онҳо зиёда аз 10 ҳазор нафар ба сар бурда ва ба шифохонаи минтақавӣ эҳтиёҷ боқӣ мемонад. Вай гуфт, ҳарчанд тибқи қонунҳо хизматрасонии тиббӣ бепул аст, аммо амалан пизишкон аз беморон пул мегиранд. Дар чунин шароит на ҳама метавонанд худро табобат кунанд.

Раиси ҷамоъати деҳот афзуд, ки новобаста аз адами шароити хуб бештари беморон ғайр аз беморони вазнин табобати худро дар шифохонаи минтақавӣ роҳи камхарҷтари муомила мешуморанд ва баста шудани шифохонаи минтақавӣ ба вазъи ҳифзи саломатии сокинони минтақа таъсири манфӣ хохад гузошт.

XS
SM
MD
LG