Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар манотиқи дурдасти Русия интихоботи пеш аз вақт шурӯъ мешавад


Дар Русия имрӯз барои сокинони манотиқи дурдаст интихоботи пеш аз вақти парлумонӣ шурӯъ мешавад. Елена Дубровина, як узви Камиссиюни марказии интихоботҳо гуфт, ки интихоботи пеш аз мӯҳлат дар ҷумҳуриҳои Тива, Камчатка ва вилоятҳои Мурманску Сахалин баргузор хоҳад шуд. Натиҷаҳои интихоботи ин манотиқ ҳамзамон ҳисоб мешавад ва аммо танҳо баъди анҷоми раъйдиҳии саросарӣ дар таърихи 2 декабр эълон хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG