Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тазоди Тошканду Душанбе дар интиқоли барқи Туркманистон


Вазорати энержии Тоҷикистон мегӯяд, таҷҳизоти барои нақли барқи Туркманистон заруриро ба Узбакистон расондааст, вале Тошканд инро рад мекунад.

Ноиби аввали вазири энержии Тоҷикистон, Пӯлод Муҳиддинов, гуфт, кишвараш ҳамаи ӯҳдадориҳои худро барои интиқоли барқи Туркманистон ба воситаи Узбакистон иҷро кардаву таҷҳизоти заруриро ба Узбакистон расондааст ва намедонад, сабаби таъхир дар интиқоли барқи туркман чӣ буда метавонад. Вале Исо Саъдуллоев, раиси хадамоти танзим дар ширкати "Узбекэнерго" мегӯяд, ҳеч гуна таҷҳизоте аз Тоҷикистон барои барқарор кардани хатти баландшиддати барқ нагирифтааст. Дар ҷавоб Муҳиддинов ишора мекунад, ки таҷҳизот то марзи миёни Тоҷикистону Узбакистон расидааст ва ӯ дақиқ намедонад, тарафи Узбакистон онро гирифтааст ё на. Ҷаноби Саъдуллоев меафзояд, сабаби сар нашудани интиқоли нируи барқи Туркманистон ба Тоҷикистон дар ин таҷҳизот нест, балки камбудиҳои дигари фанние ошкор шудаанд, ки бе ислоҳи онҳо интиқоли нирӯи барқи ба воситаи ин шабака номумкин боқӣ хоҳад монд. Саъдуллоев ин камбудиҳоро мушаххас накард.

Ба ин тартиб маълум нест, кай интиқоли нируи барқи Туркманистон ба Тоҷикистон шурӯъ мешавад ва ё аслан ин барнома иҷрошаванда хоҳад буд ё на. Ин ҳам дар ҳоле ки мардуми Тоҷикистон умед доштанд, кумаки бародарони туркмани онҳо камбуди энержиро дар зимистони сарду торики Тоҷикистон то андозае коҳиш хоҳад дод ва рӯшаниву гармиро дар манзилҳои мардум афзоиш.

XS
SM
MD
LG