Пайвандҳои дастрасӣ

Вазъи ҳуқуқи инсон дар Афғонистон


Луиза Арбур, комиссари олии СММ дар умури ҳуқуқи башар

Луиза Арбур, комиссари олии СММ дар умури ҳуқуқи башар

Луиза Арбур, комиссари олии СММ дар умури ҳуқуқи башар, имрӯз вориди Афғонистон шуд, то ки пешрафтҳои ҳосилшуда дар арсаи ҳуқуқи инсон дар ин кишварро баррасӣ кунад. Ҳамчунин дар ин сафар яке аз барномаҳои аслии Луиза Арбур ҳимоят аз озодии баён дар Афғонистон мебошад.

Дар ҷараёни сафари якҳафтаина қарор аст хонум Арбур бо раисҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай ва мақомоти додгоҳии ин кишвар мулоқот кунад. Ҳамчунин ӯ бо намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ ва онҳое, ки ҳуқуқашонро зери по кардаанд, дидор хоҳад кард.

Сафари Луиза Арбур ба Афғонистон дар ҳоле сурат мегирад, ки чанд рӯз қабл созмони ҳуқуқи башар Amnesty international ва ё Авфи байналмилал дар мавриди шиканҷа дар зиндонҳои ин кишвар ибрози нигаронӣ кард ва аз паймони НАТО хост маҳбусони афғонро ба дасти мақомоти ин кишвар надиҳад. Ин созмон мегӯяд, Кумитаи амнияти Милли Афғонистон як таҳдиди ҷиддӣ барои боздоштшудаҳо аст.

Дар ҳамин ҳол Саид Ансорӣ, сухангӯи идораи амнияти Миллии Афғонистон, ин иттиҳомотро рад кард. Вай гуфт, мо бо зиндониёне, ки таҳти назоратамон қарор доранд, ҳамеша мутобиқи қавонини кишвар ва қавонини байнулмилалӣ бархӯрд мекунем. Вай афзуд, ахиран намояндагони Созмони ҳуқуқи башар аз маҷмӯи назоратхона ва зиндонҳои амнияти миллӣ боздид карданд, бо зиндониён мулоқот доштанд. Мо ин гузоришро амалан рад мекунем.

Дар навбати худ паймони НАТО манъи интиқоли маҳбусонро ба дасти мақомоти афғон рад карда гуфтааст, ин амали онҳо дар мувофиқа бо Салиби сурх ва Ҳилоли аҳмар сурат гирифта, мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ анҷом мешавад.

Луиза Арбур, комиссари олии СММ дар умури ҳуқуқи башар, соли 2005 низ ба Афғонистон сафар ва ҳамчунин бо комиссиюни мустақили ҳифзи ҳуқуқи башар дар ин кишвар мулоқот намуда буд.

XS
SM
MD
LG