Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Гурҷистон вазъи фавқулода поён меёбад


Порлумони Гурҷистон имрӯз раъй дод, то вазъи фавқулода дар ин кишвар фардо 16 ноябр поён дода шавад. Раиси порлумон Нино Бурҷанадзе гуфт, тамоми вакилони мардумӣ бо кулли оро амри раиси ҷумҳур Михайил Саакашвилиро тасвиб карданд ва бар асоси он рӯзи ҷумъа соати 7 ба вақти Гурҷистон вазъи фавқулода дар ин кишвар хотима хоҳад ёфт. Нино Бурҷанадзе ба вакилон гуфтааст, ки “дигар кишвараш дар хатар нест ва зарурати идомаи вазъи фавқуллода вуҷуд надорад.”

Раиси ҷумҳур Саакашвилӣ пас аз саркӯбии хушунатомези тазоҳуроти тарафдорони мухолифин рӯзи 7 ноябр дар Гурҷистон вазъи фавқуллода эълом кард. Вай давлати Русияро барангезандаи тазоҳурот дар кишвараш номид.

XS
SM
MD
LG