Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Радди дигарбораи пешниҳод оид ба Косово


Расонаҳои маҳаллии Сербистон гузориш доданд, ки ҳам мақомоти ин кишвар ва ҳам раҳбарияти минтақаи умдатан албанишини Косово пешниҳоди нав доир ба мақоми ояндаи ин минтақаи ҷудоихоҳро рад кардаанд.

Намояндаи вижаи Иттиҳодияи Аврупо Вофлганг Ишингер ин ҳафта гуфт, миёнҷигарони байналмилалӣ созишномаи Мақоми бетараф барои Косоворо барои имзо ба раҳбарони ин минтақа ва Сербистонро пешниҳод хоҳанд кард, ки дар он истиқлолият барои Косово нодида гирифта шудааст.

Вазири масъули умури Косовои Сербистон Слободан Самарджич гуфтааст, ки Косово ҳамчун як бахши ҷудоинопазир ва комили кишвараш наметавонад мақоми бетараф дошта бошад.

Нахуствазири Косово Агим Чеку дар рӯзномаи Вол Стрит Ҷорнал навиштааст, ки дар сурати ҳосил нашудани натиҷа дар музокироти байналмилалӣ оид ба сарнавишти Косово, ки 10 декабр поён меёбад, Косово ба таври якҷониба худро кишвари мустақил эълом хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG