Пайвандҳои дастрасӣ

Дар 10 моҳи соли 2007 тавассути ташхиси лабораторӣ дар 116 сокини навоҳии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ҳодисаи гирифторӣ ба марази сил муайян гардид.

Саид Давлатов, сардухтури маркази вогиршиносии минтақаи мазкур, изҳор кард, ки ин шумора нисбат ба тамоми соли гузашта 20-то зиёд аст.

Ба гуфтаи ӯ, баъди онки баҳори соли ҷорӣ дар яке аз обанборҳои Кӯлоб хурӯҷи силл ба вуқӯъ омад, дар чанд рӯз ба бемористон садҳо мариз муроҷиъат карданд, ки дар 69 нафари онҳо мавҷудияти ин мараз тасдиқ гардид. Ӯ афзуд: «Хушбахтона, тавассути кумаки бевоситаи ҳокимиятҳои иҷроияи шаҳру вилоят ва созмони «Oxfam»-и Бритониё вазъият таҳти идора гирифта шуда, таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ таъмин гардид». Ӯ ҳамчунин изоҳа намуд, ки баъди ин дар 2 моҳи дигар танҳо дар 1 нафар осори ин мараз пайдо гардидааст.

Гуфта мешавад, дар ҳоли ҳозир диққати махсуси вогиршиносон танҳо дар ноҳияи Ҳамадонӣ эҳсос мегардад, ки дар инҷо соли ҷорӣ 10 нафар расман давраи комили табобати силро гузаштанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар соли 2003 ҳамагӣ 5 нафар ба чунин давра фаро гирифта шуданд.

«Дар ин робита вазъият танҳо дар навоҳии Темурмалик, Ховалинг ва Балҷувон хуб аст ва ташвишеро ба бор наовардааст», - гуфт Саид Давлатов.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG