Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нигарониҳои вазоратҳо аз инфиҷори ахир дар Душанбе


Ҳодисаи таркиш дар «Кохи ваҳдат» муассисоти давлатиро водор намудааст, ки ҷиҳати таъмини бехатарии кормандонашон тадобири амниятӣ андешанд.

Агар таркиши назди «Кохи ваҳдат»-и шаҳри Душанбе ҷони як нафарро рабудааст, ба дунболи он дар бархе ниҳодҳо шумораи посбонҳои биноҳоро афзудаанд, дар қисмати дигари сохторҳо огоҳӣ додани кормандон аз амалиёти террористӣ сурат гирифтааст.

Ким Влаим, масъули бехатарии бинои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, мегӯяд, вазорати умури дохилаи кишвар ҷиҳати таъмини бехатарии бинои вазорат шумораи посбонҳои ин ниҳодро 1 нафар афзудааст ва, бар замми ин, муҳлати назорати бинои ин вазоратро шабонарӯзӣ кардаанд.

Аммо Вазорати кишоварзии Тоҷикистон вуруди шаҳрвандонро ба дохили бинои ин корхона, зери назорати шадид қарор додааст. Музаффар Ҳалимов, масъули биноҳои вазорати кишоварзии Тоҷикистон, мегӯяд, ки аз ин пас одамон бидуни раводид ва шиносоӣ, ба дохили вазорат роҳ дода намешаванд.

Ҳодисаи таркиши «Кохи Ваҳдат» донишгоҳҳои кишварро низ нигарон сохтааст. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон донишҷӯёнро огоҳ кардааст, ки дар ҷойҳои серодам гардиш накунанд, зеро эҳтимоли ба вуқӯъ омадани инфиҷорҳои дигар ҷой дорад.

Дар ҳамин ҳол Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, аз ҳисоби донишҷӯён гурӯҳҳои назораткунандаро таъсис дода, барои бехатарии онҳо шумораи афзори оташнишониро зиёд намудааст.

Дар ҳамин ҳол адами фанновариҳои бехатарӣ дар биноҳои давлатӣ эҳсос мегардад. Аксарияти биноҳои вазоратҳо ва кумитаҳои кишвар, ба ҷуз Бонки милии Тоҷикистон ва чанд ниҳоди дигар, ҳамоно камераҳои назорати биноҳоро надоранд. Нуруддин Аҳмадов, масъули бехатарии бинои Вазорати адлияи Тоҷикистон, мегӯяд, вазоратҳои Тоҷикистон ба чунин камераҳо эҳтиёҷи зиёд доранд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG