Пайвандҳои дастрасӣ

Тифлис вазъи фавқулодаро лағв мекунад


Нино Бурҷанадзе, раиси порлумони Гурҷистон

Нино Бурҷанадзе, раиси порлумони Гурҷистон

Раиси порлумони Гурҷистон Нино Бурҷанадзе пас аз мулоқоти бо вакилони мамолики Ғарб эълон намуд, ки рӯзи ҷумъа дастури вазъи фавқулода лағв мегардад.

Ҳафтуми ноябр баъди таъқиби гирдиҳамоии мухолифини ҳукумат дар рӯ ба рӯи парламенти Гурҷистон раисҷумҳури ин кишвар Михаил Саакашвилӣ ба муддати 15 рӯз дар Гурҷистон вазъи фавқулода ҷорӣ намуда, фаъолияти расонаҳои хабариро маҳдуд кард. То ҳанӯз сарнавишти телевизиони мустақили «Имедӣ» рӯшан нест. Мудири иҷроияи «Имедӣ» Бидзина Бароташвилӣ гуфт, бо ҳукми додгоҳ муҷаввизи ин шабака аз эътибор соқит шудааст.

Ба қавли Бароташвилӣ додгоҳ изҳороти сармоядор Бадрӣ Патаркатсишвилиро даъват ба табаддулоти давлатӣ арзёбӣ намудааст. Дар гузашта Патаркатсишвилӣ соҳиби телевизиони «Имедӣ» буд, вале ахиран ӯ ин шабакаро ба гурӯҳи "Нюскорп"-и сармоядори маъруфи амрикоӣ Руперт Мердок фурӯхт.

Раисҷумҳури Гурҷистон Русияро бо даст доштан дар эътирозҳои ахири ин кишвар муттаҳам кардааст, вале Русия ва мухолифини гурҷӣ иддаои Саакашвилиро бо ғазаб рад мекунанд. Мартин Помпадур, раиси ширкати «Нюскорп» иброз дошт, дар кӯшиши табаддулоти давлатии дар Маскав тарҳрезишуда муттаҳам кардани шабакаи зери раҳбарии ӯ айбномаи комилан пойдарҳаво мебошад. «Нюскорп» тасмими гирифтааст ба ҳукми додгоҳ эътироз намояд.

Саакашвилӣ, ки соли 2003 дар ҷараёни инқилоби осоиштаи садбаргӣ сари қудрат омадааст, дар Гурҷистон ислоҳоти муҳими иқтисодиро пиёда мекунад. Вақтҳои ахир дар байни мардум пуштибонӣ аз Саакашвилӣ коҳиш ёфт, зеро камбағалӣ ҳамоно гулӯгир асту бисёриҳо аз тарзи раҳбарии худкомаи ӯ нигарон хушҳол нестанд.

Мамолики аврупоӣ ва ИМА назму суботи Гурҷистонро аз нуқтаи стратегӣ муҳим мешуморанд. Ин кишвар ҳамчун гӯшаи рӯ ба Ғарб арзёбӣ шуда, лӯлаҳои интиқоли нафт ба мамолики ғарбӣ аз қаламрави Гурҷистон мегузаранд.

XS
SM
MD
LG