Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як назарсанҷии афкори умум дар Русия нишон медиҳад, ки аксарияти мардум дар Русия бовар надоранд, ки интихоботи порлумонии 2-вуми декабр дар ин кишвар шаффофу одилона сурат гирад.

Ин назарсанҷӣ бо дархости Радиои Озодӣ анҷом шудааст. Аммо бо вуҷуди ин бисёре аз сокинони Русия ба ояндаи кишварашон хушбин будаанд. Арқоми дигари назархоҳӣ дар Русия чиро нишон медиҳанд?

Раъйдиҳандагони Русия ба интихоботи қарибулвуқӯъи порлумонӣ бо эҳсоси омехтаи бетафовутӣ ва умед наздик мешаванд. Бино бар натоиҷи ин назархоҳӣ, аз се ду ҳиссаи шаҳрвандони Русия бовар надоранд, ки интихоботиоянда одилона баргузор шавад.

Ва гузашта аз ин, ба эътиқоди панҷяки пурсидашудагон натиҷаҳои интихоботро аз қабл нишондиҳандаи иродаи воқеъии мардум намеҳисобанд.

Ҳамин тавр, тақрибан ними назардодагон гуфтаанд, ки ё раиси ҷумҳур Владимир Путин ва ё ҳукумати вай таъйин хоҳад кард, ки кадоме аз ҳизбҳо пас аз интихоботи рӯзи дувуми декабр бояд дар Думаи давлатӣ соҳиби курсӣ мешаванд.

Владимир Гелман, сиёсатшиноси Донишгоҳи Аврупоии Санкт-Петербург, ба Радиои Озодӣ гуфт, на элитаи сиёсӣ ва на ҷомиъа мунтазири интихоботи шаффофу одилона нестанд, зеро тамоми ҷараёни корзорҳои интихоботӣ мисли мусобиқаи варзишиест, ки пешакӣ натиҷаи он маълум аст: “Онро ба як бозии футболе метавон монанд кард, ки натиҷаҳояш пешакӣ маълум аст ва довар ба нафъи дастаи аз пеш ғолиб эълоншуда амал мекунад, аз ин рӯ мухлисон ҳам чандон алоқаманди тамошои ин бозӣ ва ё дастгирӣ кардани ин ё он даста нахоҳанд шуд”.

Ҳизби тарафдори ҳукумат “Русияи воҳид” дар назарсанҷиҳои афкори умум аз пешсафони интихобот номида шудааст.

Ба гуфтаи таҳлилгарону коршиносони сиёсӣ, интихоботҳои замони Шӯравӣ ва пас аз он дар Русия аксаран олуда бо тақаллубкориҳои мухталиф буданд, то натиҷаҳои дилхоҳ ба даст ояд. Лев Гудков, мудири маркази таҳқиқи афкори умуми Левада, ки бо дархости Радиои Озодӣ назарсанҷиро анҷом додааст, изҳор кард, ки раъйдиҳандагон интизор доранд, то ба хотири пирӯз шудани ҳизби “Русияи воҳид” дар интихобот тақаллубкориҳои бисёр хоҳад шуд.

Воқиъан мардум бо назардошти таҷрибаҳои гузашта тахмин мекунанд, ки ҳатман қонуншиканӣ, тақаллубкорӣ, фишор ба раъйдиҳандагон сурат мегирад. Дар маҷмӯъ натиҷаҳои назарсанҷӣ ихтилофи амиқи андешаҳоро нишон медиҳад, ки бояд интихобот чи гуна бошад, вале дар воқеъият чиро мебинанд.

Аммо, бо вуҷуди бадбинии возеҳ доир ба интихобот, аксарияти раъйдиҳандагони эҳтимолӣ гуфтаанд, ки умедворанд пас аз интихобот зиндагии онҳо хубтар хоҳад шуд. Зоҳиран, ихтилофоти андешаҳо доир ба ноумедӣ аз интихобот ва хушбинӣ доир ба ояндаи хубтар воқиъан нишондиҳандаи фазои сиёсии феълии Русия будааст.

Мария Марскевич аз Пажӯҳишгоҳи Ҷомиъашиносии Фарҳангистони улуми Русия ин нуктаро чунин шарҳ медиҳад. Дар Русия дар зарфи 7 соли ахир умед ба он, ки фардо назар ба имрӯз хубтар хоҳад буд, бештар мешавад. Теъдоди зиёди мардум – тақрибан ними онҳо, ё каму бештар – дар давраҳои мухталиф умедворанд, ки фардо назар ба имрӯз беҳтар хоҳад буд. Ва оянда баъди интихобот аст. Хушбинии зиёди мардум асосан ба ҳукуматдории Владимир Путин баста аст, ки ба эътиқоди аксарияти мардуми Русия ба ин кишвар амният овардааст. Агарчи бар асоси қонуни асосии кишвар Путин баъди анҷоми раёсати ҷумҳуриаш дар соли оянда дигар ҳаққи будан дар ин мақомро нахоҳад дошт, вале бисёриҳо интизор доранд, ки ӯ як навъ сари қудрат хоҳад монд. Вай дар садри феҳрасти ҳизбии “Русияи воҳид” қарор дорад ва Кремл ба таври возеҳ талош дорад, ки интихоботро ба як раъйпурсӣ барои нигоҳ доштани раиси ҷумҳур Путин дар сари қудрат табдил диҳад.

Мария Марскевич ҳамчунин мегӯяд, ки дар ҷомиъаи Русия аксарият омода аст бо қурбон кардани арзишҳои демократӣ ин ҳақро бар раиси ҷумҳур бидиҳад. Ба гуфтаи ҷомиъашиноси рус бо афзоиш ёфтани эътимоди мардум ба Владимир Путин эътимоди онҳо ба дигар ниҳодҳои давлат, аз ҷумла интихобот, коста шудааст.Лев Гудков, раҳбари маркази пажӯҳишии Левада, мегӯяд, ин тамоюл нишон медиҳад, ки Русия феълан ба сӯи як кишвари худкома ҳаракат мекунад. Гуфта мешавад, дар назархоҳии мазкур беш аз 4300 нафар ширкат кардаанд ва аксарияти онҳо гуфтаанд, ки баргузории интихоботи демократӣ дар Русия муҳим аст.

XS
SM
MD
LG