Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди нодири вакилони Бритониё аз Эрон


Бино ба гузоришҳо, гурӯҳе аз вакилони порлумони Бритониё ба хотири дидору мулоқот бо мақомоти болоии Эрон феълан аз ин боздид мекунанд. Бар тибқи гузоришҳои имрӯза, ҳашт вакили мардумӣ аз кумитаи равобити хориҷии порлумони Бритониё рӯзи душанбе 12 ноябр бо як сафари чаҳоррӯза вориди Теҳрон шуданд. Онҳо аз ҷумла бо Сайид Ҷалилӣ сарпарасти музокироти ҳастаии Эрон мулоқот кардаанд. Ба гузориши хабаргузории расмии ИРНА, Сайид Ҷалилӣ ба ҳайъати бритониёӣ гуфтааст, барои ҳалли бӯҳрони ҳастаии Эрон бояд муколама идома ёбад. Кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, Эрон таҳти пӯшиши барномаҳои сулҳомези ҳастаӣ, мехоҳад бомби атомӣ бисозад, ки ин гуфтаро давлати Эрон пайваста рад мекунад.

XS
SM
MD
LG