Пайвандҳои дастрасӣ

Вазъи варзиш дар Исфара


Маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш» ба мавзӯъи вазъи варзиш дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд бахшида шудааст.

Саидосим Пӯлодов, мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара, зимни сӯҳбат бо Радиои Озодӣ, аз ҷумла гуфт:

«Дар Исфара айни ҳол чаҳор мактаби варзишии кӯдакону наврасон фаъолият мекунанд, ки дар онҳо беш аз 60 мураббӣ ба шогирдони худ нозукиҳои 12 навъи варзишро меомӯзонанд. Дар маркази шаҳр варзишгоҳи замонавии «Зарбдор» ҷойгир шудааст, ки дар он мусобиқоти шаҳриву вилоятӣ дар риштаи футбол баргузор мешавад. Дастаи «Зарбдор»-и Исфара имсол барандаи Ҷоми футболи вилояти Суғд гардид. Мардуми Исфара ба ҷуз футбол, ба шоҳмоту шашка ва бокс таваҷҷӯҳи хоса доранд. Шатранҷбози 20-сола Муҳаммадхоҷа Ҳусейнхоҷаев қаҳрамони дукаратаи шоҳмоти Тоҷикистон байни ҷавонон гардидааст. Муштзан Шералӣ Маҳмадалиев бошад, ба унвони қаҳрамони бокси Тоҷикистон даст ёфта, моҳи октябри соли равон дар ҳайати дастаи мунтахаби кишвар дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар вазни 69 кг дар шаҳри Чикагои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳунарнамоӣ кардааст.»

XS
SM
MD
LG