Пайвандҳои дастрасӣ

Таъсиси ҷабҳаи нави муқобила бо Мушарраф


Аҳзоби нахуствазирони собиқи Покистон Навоз Шариф ва Беназир Бҳутто тавофуқ кардаанд, ки ба хотири аз қудрат барканор намудани раиси ҷумҳур Парвиз Мушарраф ба нерӯҳои мухолифи дигар мепайванданд. Дар ин бора як мақоми олирутбаи ҳизби Навоз Шариф хабар дод. Намояндагони ҳизби Беназир Бҳутто гуфтанд, ки ин ду сиёсатмадори рақиб рӯзи чаҳоршанбе сари масъалаи мазкур телефонӣ гуфтугу кардаанд.

Парвиз Мушарраф қавл додааст, ки интихоботи порлумонии Покистон рӯзи 9 январ баргузор мешавад, вале вазъи фавқуллода, ки ду ҳафта эълом шуд, то вақти интихобот барҷой мемонад. Даври фаъолияти порлумони Покистон имрӯз, 16 ноябр поён меёбад ва қарор аст, ки ҳукумати иҷроия то замони интихобот масъулиятҳои онро иҷро кунад. Давраи раёсати ҷумҳури Парвиз Мушарраф низ нимашаби имрӯз ба поён мерасад, вале ӯ гуфтааст, то замони таъйид шудани даври дуввуми раёсати ҷумҳуриаш аз тарафи Девони Олӣ дар ин мақом хоҳад монд.

XS
SM
MD
LG