Пайвандҳои дастрасӣ

Хабарҳо аз майдонҳои футбол


Сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2008 миёни футболбозони то 19-сола дар гурӯҳи «С» дар Қатар ба анҷом расид.

Дар ду бозии даври охирини ин гурӯҳ дастаи Сурия бар тими Бутан бо натиҷаи бузурги 13:0 ва тими Қатар бар дастаи Туркманистон бо ҳисоби 1:0 пирӯз гардиданд.

Бад ин тартиб дастаҳои Сурия ва Тоҷикистон натоиҷи мушобеҳ – 10-имтиёзӣ ба даст оварданд. Вале аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо (18-1) Сурия дар ҷои аввал ва Тоҷикистон (17-1) дар ҷои дуввум қарор гирифтанд. Ҳарду даста ба давраи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболбозони ҷавони Осиё, ки соли 2008 дар Арабистони Саъудӣ баргузор мешавад, роҳ ёфтанд.

Тими миллии футболи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба бозии ҷавобии сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2010 бо тими Сингапур бозии контролиро бо дастаи мунтахаби вилояти Суғд дар варзишгоҳи «Фурудгоҳ»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо натиҷаи мусовии 2:2 анҷом дод.

Бозии дуввум миёни дастаҳои миллии Тоҷикистон ва Сингапур рӯзи якшанбеи 18-уми ноябр дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Барои ба даст овардани роҳхат ба марҳилаи баъдӣ мунтахаби Тоҷикистон бояд бар рақиби худ бо таносуби на камтар аз се тӯб пирӯз шавад. Зеро ки футболбозони тоҷик дар бозии аввал дар меҳмонӣ аз тими Сингапур бо натиҷаи 0:2 шикаст хӯрда буданд.

Ду бозии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд.

Дар ҳарду бозӣ мизбонон пирӯзӣ ба даст оварданд. « Вахш»-и Қӯрғонтеппа бар «Энергетик»-и Душанбе бо натиҷаи 1:0 ва CSKA «Помир»-и Душанбе бар «Саройкамар»-и Панҷ бо натиҷаи 3:0 ғолиб шуданд.

Дар айни ҳол «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода бо 42 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқот қарор гирифтааст. «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бо 39 имтиёз дар ҷои дуввум мебошад. Вале бозигарони шаҳри Турсунзода ду бозӣ камтар анҷом додаанд. «Вахш» бо 33 имтиёз аз 17 дидор дар зинаи севвум ҷойгир шудааст. Намояндаи дигари шаҳри Қӯрғонтеппа – «Тоҷиктелеком» бо 30 имтиёз дар зинаи чаҳорум мавқеъ дорад. «ХИМА»-и Душанбе бо 27 имтиёз аз 15 дидор дар ҷои панҷум мебошад.

Ҳамин тариқ, тимҳои «Регар» ТадАЗ ва «Парвоз» барои дарёфти унвони қаҳрамонӣ, дастаҳои «Вахш», «Тоҷиктелеком» ва «ХИМА» барои ба даст овардани медалҳои биринҷии мусобиқот талош меварзанд.

Мусобиқоти қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон то рӯзи 29-уми ноябр идома хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG