Пайвандҳои дастрасӣ

Маблағи бештар ба Ироқ ва хуруҷи нирӯҳо


Маҷлиси намояндагон - палатаи поёнии Когресси Амрико, ки аз аксар демократҳо иборат аст, барои ихтисоси 50 миллиард доллари иловагӣ ба хароҷоти ҷанг мувофиқат, аммо ҳамзамон таърихи мушаххаси хуруҷи нирӯҳои амрикойӣ аз қаламрави Ироқро таъйин кард. Дар раъйдиҳӣ 218 нафар ба пуштибонӣ ва 203 нафар мухолифи ин тарҳ овоз доданд. Ҳамакнун, ин тарҳи баҳcбарангез бояд ба баррасии Сенат фиристода шавад. Аъзои ҷумҳурихоҳи Cенат аз пеш таҳдид кардаанд, ки нақшаи мазкурро масдуд хоҳанд кард. Кохи Сафед ҳам ҳушдор додааст, ки ба ҳеҷ сурат тарҳи таъйинкунандаи таърихи хуруҷи нирӯҳоро ба имзо нахоҳад расонд. Раъйдиҳии ахир дар шароите сурат гирифт, ки дирӯз кумитаҳои муштараки иқтисодии ҳар ду бахши Конгресси Амрико хароҷоти Кохи Сафедро дар ҷанги Афғонистону Ироқ ду баробар бештар назар ба пешбиниҳои қаблӣ, яъне 1,6 триллион доллар арзёбӣ кардааст. Кохи Сафед ин гузоришро чун якҷонибаву сиёсӣ рад мекунад.
XS
SM
MD
LG