Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Луиза Арбур ба Кобул меравад


Имрӯз раиси Кумиссариати олии СММ дар умури ҳуқуқи инсон Луиза Арбур бо як сафари корӣ вориди Кобул, пойтахти Афғонистон шуд ва қарор аст ӯ то 21 ноябр дар ин кишвар ба сар хоҳад бурд. Хонуми Арбур дар ин сафараш бо раиси ҷумҳурии Афғонистон Ҳомиди Карзай ва мақомоти дигари кишвар, инчунин қурбониҳои нақзи ҳуқуқи башар дар ин кишвар мулоқот мекунад. Арбур ҳафтаи ҷорӣ аз Қирғизистон ва Қазоқистон ҳам дидан кард ва дар ҷараёни ин сафари ӯ дар канораи Бишкек нахустин маркази минтақаии муҳоҷирону паноҳандагон боз шуд.

XS
SM
MD
LG