Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳоми мақоми эронӣ


Вазири иттилооти Эрон гуфт, ки як узви собиқи баландпояи ҳайати музокиротии ин кишвар дар масолии ҳастаӣ Ҳусейни Мусаввиён барои ироаи иттилои махфӣ ба хориҷиҳо, аз ҷумла ба сафорати Бритониё айбдор мешавад. Ҳанӯз маълум нест, ки оё оқои Мусаввиён ба таври расмӣ айбдор мешавад ё на. Мусаввиён сафири собиқи Эрон дар Олмон аст ва ӯ оғози соли ҷорӣ боздошт шуда, бар ивази гаравпулӣ аз боздошт раҳо шудааст. Вай дар солҳои раҳбарии Муҳаммади Хотамӣ узви ҳайати музокиротӣ будааст.

XS
SM
MD
LG