Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷумъа Гурҷистон ба низоми маъмулӣ бармегардад


Раиси парлумони Гурҷистон гуфт, ки ҳукумат фардо, рӯзи ҷумъа вазъияти фавқулоддаи кишварро бекор мекунад. Нино Бурҷанадзе бо ин баёнияаш изҳороти дирӯзаи дипломати баландпояи амрикоиро тасдиқ кард, ки гуфт, ба эҳтимоли зиёд дар Гурҷистон то 16 ноябр ҳолати фавқулодда бекор мешавад. Михаил Саакашвилӣ, раиси ҷумҳурии Гурҷистон 7 ноябр дар саросари кишвар ҳолати изтирорӣ ва инчунин, дар фаъолияти расонаҳои мустақил монеаҳо ҷорӣ кард. Ин иқдоми ӯ дар пайи даргириҳои шадиди полис бо мухолифини эътирозгар сурат гирифт. Интихоботи пеш аз вақти президентии Гурҷистон ба таърихи 5 январ таъйин шудааст.

XS
SM
MD
LG