Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳҳо толибон кушта шуданд


Низомиёни амрикойӣ гуфтанд, ки дар як амалиёти нирӯҳои эътилофӣ дар ҷануби Афғонистон даҳҳо ҷангиёни толибон ба ҳалокат расиданд. Низомиён гуфтанд, ки дар пайи ҳамлаи густардаи толибон дар вилояти Урузгон рӯзи сешанбе, артиши Афғонистон бо пуштибонии нирӯҳои эътилофӣ чаҳор ҳамлаи ҳавоиро болои шӯришиён анҷом доданд. Ҳеҷ талафоте дар миёни нирӯҳои эътилофиву афғонӣ гузориш намешавад. Дар ҳодисаи ҷудогона, як сарбози нирӯҳои кӯмаки байналмилалии таҳти сарпарастии НАТО бар асари бомбаи сарироҳӣ дар ҷануби Афғонистон кушта шуд.
XS
SM
MD
LG