Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амри президент дар заминаи таҳқиқи таркиш


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба мақомоти қудратии кишвар амр додааст, то сабабҳои инфиҷори дирӯза дар назди Кохи Ваҳдати Душанберо амиқан таққиқ бикунанд. Рӯзи гузашта вазири умури дохила сафари худ ба Хуҷандро қатъ карда ва ба пойтахт баргашт, то тафтиши парвандаеро, ки дар пайи ин инфиҷор боз шуда ва як амали террористӣ унвон мешавад, худ роҳбарӣ кунад. Таркиши дирӯза, ки дар наздикиҳои Кохи Ваҳдат, қароргоҳи ҳизби ҳокими халқии демократӣ, меҳмонхонаи Авасто, сафорати Узбакистон дар Душанбе ва 400 метр дуртар аз қасри раиси ҷумҳур сар зад, ҷони як сокини мулкиро рабуд. Тафтиши қазияро кумитаи давлатии амнияти миллӣ бар дӯш дорад. То ҳол ҳеҷ гурӯҳу созмоне масъулияти ин инфиҷорро ба зимма нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG