Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имронхон айбдор мешавад


Полиси Покистон қазияи яке аз фаъолони мухолифин Имронхонро аз рӯи парвандаи "Терроризм" баррасӣ мекунанд. Имронхон, баъди аз ҳабси хонагӣ фирор карданаш, дирӯз дар тазоҳуроти донишҷӯён ширкат кард ва дар ҳамон ҷо аз ҷониби нирӯҳои полис боздошт шуд. Донишҷӯёни покистонӣ аз ҷоришавии низоми фавқулодда дар дар кишвар гирдиҳамойӣ доир карда буданд. Дар ҳамин ҳол, генрал Парвиз Мушарраф дар сӯҳбат бо хабаргузории Ассошейтед Пресс гуфт, ки вай интизор дорад то охири моҳи ҷорӣ аз мақми низомии худ даст кашад. Аммо дар айни замон, вай фишорҳои Ғарбро рад кард, ки ба зудтарин фурсат ҳолати изтирории кишварро бекор кунад. Вай инчунин дар посух ба даъватҳои Беназир Бҳутто, раҳбари мухолифини Покистон оиди аз саҳнаи сиёсӣ канор рафтани вай ҷавоби рад дод.
XS
SM
MD
LG