Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раиси ҷумҳури Покистон Парвиз Мушарраф имрӯз изҳор кард, то замоне ки буҳрони сиёсӣ дар кишвараш рафъ нашавад, аз мақомаш нахоҳад рафт.

Вай ҳангоми суҳбат бо телевизиони «Sky News»-и Бритониё қарори эълони вазъи фавқулода дар Покистонро амри зарурӣ хонда, аз ин тасмимаш қотеъона ҳимоят кард. Ӯ аз ҷумла гуфт: «Ман диктатор нестам, ман хоҳони демократия мебошам».

Ин тасмими Парвиз Мушарраф хашми аҳзоби мухолифи давлатро барангехт ва сабаби танқиди васеъи раиси ҷумҳури Покистон шуд.

Раиси ҷумҳури Покистон бо эътирофи онки вазъи кишвараш хуб нест, мардумро ба ваҳдат даъват намуд. Парвиз Мушарраф гуфт, интихоботи порлумонии Покистон 9-уми январи соли оянда ва дар шароити вазъи фавқулода баргузор хоҳад шуд.

3-вуми ноябр ӯ, бо зикри афзоиши ифротгароии исломӣ ва дахолати додгоҳи қонуни асосӣ ба фаъолияти ҳукумат, вазъи фавқулода эълом кард.

Вале баъди ин иқдомаш таҳти фишори афзояндаи дохилӣ ва хориҷӣ қарор гирифт, то вазъи фавқулодаро хотима диҳад, аз мақоми сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳ канор равад ва интихоботи шафофу одилона баргузор кунад.

Беназир Бҳутто, нахуствазири собиқи кишвар ва як раҳбари бонуфузи нерӯҳои мухолифи Покистон, ҳоло талош дорад, то бо ҷалби аҳзоби исломӣ ва дигар нерӯҳои мухолифи ҳукумати феълӣ Парвиз Мушаррафро аз сари қудрат дур кунад.

Латиф Хосса, як вакили мардумӣ ва ёвари Беназир Бҳутто, ба хабаргузории «Ройтерс» гуфтааст, ки хонум Бҳутто мехоҳад, бо ташкили эътилофи тамоми аҳзоб кишварро бо роҳи демократияи ҳақиқӣ баргардонад.

Дар ҳамин ҳол Беназир Бҳутто, ки бо Мушшараф дар робита ба тақсими қудрат музокирот дошт, баъди саркӯбии тазоҳуроту эъломи вазъи фавқулода, аз ин музокирот даст кашид ва истеъфои Парвиз Мушарраф хостор шуд.

Ба гуфтаи Латиф Хосса, акнун ҳадафи Беназир Бҳутто аз қудрат барканор кардани Парвиз Мушарраф ва, бо ташкили ҳукумати ризояти умумимиллӣ, баргузории интихоботи шаффофу одилона аст.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки аз вазъи буҳронии Покистони муссаллаҳ бо бомби атомӣ нигарон аст, аз Парвиз Мушарраф хостааст, то вазъи фавқулодаро хотима диҳад, то дар кишвар интихоботи озоду шаффофу одилона баргузор шавад.

Дар ҳамин ҳол муовини вазири умури хориҷаи ИМА Ҷон Негропонте ба зудӣ вориди Исломобод мешавад, то роҷеъ ба ин масъала бо Парвиз Мушарраф гуфтугӯ кунад. Аммо пештар Парвиз Мушарраф ҳамингуна дархости вазири умури хориҷаи Амрико Кондолиза Райсро рад карда гуфта буд, ки вазъи фавқулода баргузории интихоботи оромро тазмин медиҳад.

Талошҳои ахири Парвиз Мушарраф баръакс ӯро дар инзивоъ қарор дода, обрӯи ӯро дар миёни мардум боз ҳам камтар кардааст.

Ба навиштаи «Ройтерс», бисёре аз покистониҳо аз ояндаи кишварашон нигаронанд ва ҳам аз сиёсатмадорони феълӣ – чи Парвиз Мушарраф ва чи Беназир Бҳутто – дилсард шудаанд.

Як соҳибкори лоҳурӣ Аббос Саид ба хабарнигорон гуфтааст, тиҷорат дар Покистон мушкил мешавад, вазъият бесубот аст ва мардум худро амн ҳис намекунанд. Ӯ гуфтааст, ҳарчанд ӯ ҷонибдори Беназир Бҳутто ҳам нест, вале мардуми кишвараш феълан ба раҳбари наве ниёз дорад.

XS
SM
MD
LG