Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мусавиён дар ҷосусӣ айбдор мешавад


Ғулом Ҳусейн Муҳсини Эҷеҳӣ - вазири иттилооти Эрон мегӯяд, ки собиқ узви ҳайати музокирот оид ба барномаи ҳастаии кишвар Ҳусейн Мусавиён дар вогузоштани иттилои махфӣ ба ихтиёри хориҷиён, аз ҷумла, кормандони сафорати Бритониё айбдор мешавад. Дар мавриди боздошт шудан ё нашудани Мусавиён алҳол иттилое зери даст нест.

Ҳусейн Мусавиён, собиқ сафири Эрон дар Олмон соли равон боздошт ва аммо баъди пардохти гаравпулӣ аз маҳбас раҳо шуда буд. Ӯ замони раёсати президенти ислоҳотталаб Муҳаммад Хотамӣ узви ҳайати музокирот оид ба барномаи ҳастаии Эрон буд.
XS
SM
MD
LG