Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон аз нигоҳи Иттиҳоди Аврупо


Дар пеш -- Франк-Волтер Штейнмафер, вазири корҳои берунаи Олмон, дар пас -- ҳамтои австриягии вай Урсула Плассник

Дар пеш -- Франк-Волтер Штейнмафер, вазири корҳои берунаи Олмон, дар пас -- ҳамтои австриягии вай Урсула Плассник

Қазоқистон бо захираҳои нафт, Туркманистон бо газ, Узбакистон бо ҳуқуқи инсон, Қирғизистон бо демократияаш барои Иттиҳоди Аврупо аҳамият доранд, Тоҷикистон бо чи чизе?

Саввумин мулоқоти масъулони аршади Иттиҳоди Аврупо ва намояндагони баландпояи Осиёи Марказӣ дар Берлин дар ҳоле ба поён расид, ки нозирон аз дуру наздик ин дидорро боз ҳам ба ниёзмандиҳои инержии Аврупо бастагӣ доданд. Онҳо ба таври сода гуфтанд, Аврупо ташнаи нафт ва гушнаи газ аст, биноан рӯ ба ин минтақа ниҳодааст. Ширкати Озарбойҷон дар ин нишаст, ки аз ташаббуси дигари Иттиҳоди Аврупо бо номи Ташаббуси Боку, яъне кашидани долонҳои иловагии газу нафт аз дарёи Хазар ба Аврупо ёдовар шуд, ин натиҷагириро тақвият дод.

Об ва газ инержии ояндаанд, зеро аз нафт тозатаранд...

Вале ғайриинтизор намояндагони Иттиҳоди Аврупо ин бор сӯҳбатро аз тарҳи дигари маъруф ба "Ташаббуси волоияти қонун дар Осиёи Марказӣ" сар карданд. Онгуна ки Намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо дар умури кишварҳои Осиёи Марказӣ Пйер Морел мегӯяд, масъалаи ислоҳоти низоми адлия дар ин кишварҳо ва эҳтироми ҳуқуқи инсон дар маркази гуфтугӯҳои Берлин қарор доштанд: "Аз он ҷо ки ин заминаи ҳамкориҳои иқтисодӣ дониста мешавад, мо ба барномаи волоияти қонун пойфишорӣ кардем. Ва он хеле дар меҳвари баҳсҳо қарор дошт. Сониян, ҳуқуқи инсон ҳамчун бахше аз стратегияи Иттиҳоди Аврупо чандин бор ёдоварӣ шуд, аз ҷумла дар сухани ифтитоҳии хонум Ферреро Валднер гирфта то идомаи гуфтугӯҳо. Ин ду ҳадисест, ки ман метавонам дар поёни ин мулоқот таъйид кунам."

Масъулони Иттиҳоди Аврупо ҳатто амниятро, ҳатто амниятро, ки умдатан Афғонистонро ба ёд меовард ва дар зимн ин бор намояндагони Кобул низ ба нишаст даъват шудаанд, на танҳо ба низоъи мусаллаҳона, балки ба эътимоди мардум ба ҳукуматҳои худ низ марбут донистанд. Агар мардумони кишвари шумо ва ҳукуматҳои шумо бовар надоранд, ин оғози ноамнист. Чунин буд хулоса. Хулосае, ки аз талошҳои намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Пйер Морел бармеояд ва ӯ дерест, ба зараруати ислоҳоти низоми адлия дар кишварҳои Осиёи Марказӣ даъват мекунад. Вале пажӯҳишгари равобити Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар Донишгоҳи Лондон, Маъсумаи Турфа мегӯяд, бо вуҷуди ҳамаи ин масъалаи инержӣ дар ин робитаҳо нақши калидӣ доштааст: "...чунки Иттиҳоди Аврупо мехоҳад як бадале барои Арабистони Саъудӣ, Эрон ва кишварҳои Ховари Миёна дошта бошад, ки марказҳои аслии нафту газ буданду ҳастанд. Осиёи Марказӣ барои н бисёр муносиб аст. Аммо як масъалаи бузурги Иттиҳоди Аврупо дар ин самт Русия аст, ки бо ҳамаи ин кишварҳои Осиёи Марказӣ созишномаҳои густардаи иқтисодӣ дорад. Бар замми ин Иттиҳоди Аврупо дар масъалаҳои Косово ва барномаи ҳастаии Эрон низ бо Русия мухолифат дорад."

Баракси ин хулосаҳо, корманди Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва равобити байнулмилали Фарҳангистони улуми Русия, Александр Умнов мегӯяд, Русия ба густариши муносибатҳои Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ бо тафоҳум менигарад: "Ба фикри ман, манфиати асосии Русия ин аст, ки давлатҳои Осиёи Марказӣ дар истиқлолият ва иқтисодиёти худ тақвияти бештар ёбанд ва гумон намекунам, Русия ба ин равандҳо мухолифат кунад."

Ҳамзамон ҷаноби Умнов инро ҳам иқрор мекунад, ки мумкин аст, рақобатҳо дар минтақа афзоиши бештар ёбанд, вале онҳо созанда хоҳанд буд.

Тоҷикистон ҳам аз лиҳози пойбандиҳояш бо Русия ва ҳам бо сабаби надоштани захираҳои нафту газ, дар раддабандии равобити Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ шояд ҷои начандон намоён дошта бошад, ҳарчанд мумкин аст ҳамсоягии Тоҷикистон бо Афғонистон ва мубориза бо қочоқи маводи мухаддир метавонанд, ба аҳамияти он меафзоянд. Хонуми Турфа ба ин хулоса мувофиқ нест ва мегӯяд: "Фаромӯш набояд кард, ки об ва газ барои Иттиҳоди Аврупо инержиҳои оянда ҳастанд ва ҷаноби Франк Волтер-Штейнмайер, вазири умури хориҷии Олмон дар суханронияш дар нишасти Берлин мушаххасан ба ин нукта ишора кардааст. Ба хотири инки аз нафт дида барои саноати Иттиҳоди Аврупо тамизтар ҳастанд. Дар натиҷа Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки дорои захираҳои бузурги об ҳастанд, комилан дар маркази таваҷҷӯҳи Иттиҳоди Аврупо қарор доранд."

Дар як масъала ҳарду ҳамсӯҳбати мо ҳам хонуми Турфа ва ҳам ҷаноби Умнов ҳамназаранд, ки дар барномаи ҳамкории Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ ба масъалаҳои ҳуқуқи башар ва озодии матбуот таваҷҷӯҳи камтар дода мешуд, ҳарчанд ахиран ҳаракате дар ин самт низ ба мушоҳида расидааст.

XS
SM
MD
LG