Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тифлис Окруашвилиро ҷустуҷӯ мекунад


Имрӯз додгоҳи шаҳри Тифлис барои боздошти собиқ вазири дифоъи Гурҷистон Ираклий Окруашвилӣ ҳукм содир кард. Окруашвилӣ дар чанд ҷиноят, аз ҷумла, сӯиистифода аз мансаб ва шустушӯи маблағ муттаҳам мешавад. Айни ҳол собиқ вазири дифоъи Гурҷистон дар Олмон ба сар мебарад.

Дар Додситонии Гурҷистон гуфтанд, ки чун Окруашвилӣ рӯзи 14 ноябр дар додгоҳ ҳозир нашуд, 6 миллион доллари барои гаравпулӣ пардохтаи ӯ ба буҷаи кишвар интиқол меёбад. Мақомоти Гурҷистон гуфтанд, ки Ираклий Окруашвилиро мавриди ҷустуҷӯ қарор додаанд.

XS
SM
MD
LG