Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон зимни ислоҳоти низоми додгоҳ тарҳи нави Кодекси мурофиавии граждании Тоҷикистонро ба тасвиб расонд.

То кунун дар ҷараёни бозрасӣ дар мақомоти тафтишотӣ ва мурофиаҳои додгоҳӣ вобаста ба мубоҳисоти шаҳрвандӣ Кодекси мурофиавии граждании Тоҷикистон, ки ҳанӯз дар соли 1965 дар замони шӯравӣ қабул гардида буд, мавриди истифода қарор мегирифт.

Тарҳи нави ин қонун аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон таҳия ва барои тасвиб ба порлумон ироъа шудааст. Бахтиёр Худоёров, вазири адлияи Тоҷикистон, ки банду моддаҳои ойинномаи ҷадидро дар баробари вакилони Маҷлис тавзеҳ мекард, гуфт, ки он бо ҳадафи таъмини адолати додгоҳӣ ва мутобиқ сохтани меъёрҳои он бо қонуни асосӣ бо мавозини байнулмилалӣ таҳия шудааст. Ӯ таъкид кард, ки кодекси нав дар муқоиса бо кодекси амалкунанда фарқиятҳои зиёд дорад. Аз ҷумлаи вижагиҳои аслии ин қонун, ба гуфтаи Б. Худоёров, риояти комили меъёри баробарҳуқуқии ширкатдорони мурофиа дар он будааст. Ҳамчунин дар тафовут бо кодекси қаблӣ муҳлати баррасии парвандаҳо дар додгоҳ то се моҳ ба ҷои як як моҳ пешбинӣ шудааст. Аз тарафи дигар аз ин баъд муҳлати овардани шикоят ба қарор ва ҳукми додгоҳ, ки қаблан 10 рӯз муқаррар шуда буд, то 1 моҳ тамдид шудааст.

Вазири адлияи Тоҷикистон ҳамчунин таъкид кард, ки дар қонуни мазкур барои нахустин бор тарзи муҳокимаи ғоибона дар додгоҳ ҷорӣ карда шудааст. Бар асоси қонуни пазируфташуда акнун раёсати Додгоҳи олӣ марҳалаи охирини шикоят ва баррасии даъво таъкид шудааст. Бар тибқи ин қонун ҳамчунин доираи салоҳиятҳои додситонӣ маҳдуд гардидааст ва додситон акнун танҳо дар қазияе, ки манофеъи давлат зери суол меравад, ҳаққи эътироз карданро хоҳад дошт.

Дар ҳамин ҳол Хадиҷа Ҳакимова, вакили Маҷлиси намояндагон, ҳангоми арзёбии ин қонун гуфт, ки додситони кулл ҳамоно ҳақ дорад ҳама асноди додгоҳиро мавриди санҷиш қарор дода, дар мавриди зарурат бар дурустии он эътироз оварад.

Аммо, ба назари як идда ҳуқуқшиносон, вогузории чунин салоҳият ба додситони кулл мусталияти додгоҳ ва ба ҳайси як шохаи алоҳидаи ҳокимият эътроф шудани ҳокимияти додгоҳиро таҳти суол мебарад.

Кодекси ҷадиди мурофиаи шаҳрвандии Тоҷикистон баъди имзои раиси ҷумҳур ва нашри он дар нашрияи расмии ин кишвар мавриди амал қарор хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG