Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суиистифода аз муҳоҷирини корӣ


Хадамоти муҳоҷирати умури дохилаи вилояти Суғд сарвари муассисаи ҷамъиятии «Дастони заррин»-ро бо иттиҳоми фиреби муҳоҷирини кории тоҷик дар Русия ва аз худ кардани дастмузди онҳо ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидааст.

Масъулини хадамоти муҳоҷирати вилоят мегӯянд , ки ин фард дар пайи шикояти даҳҳо мардикорони фиребхӯрда ахиран аз ҷониби кормандони интизомӣ боздошт гардидааст.

Ба гуфтаи ин манбаъ , ҳарсола аз минтақаи шимолии Тоҷикистон ҳудуди 300 000 нафар дар ҷустуҷӯи кору дастмузди хуб умдатан мустақилона ба Русия сафар мекунанд, ва теъдоде ҳам аз онҳо, дар ҳоле ки музди меҳнати худро аз кордиҳандаҳо рӯёнида наметавонанд, бо дасти холӣ ба Тоҷикистон бармегарданд.

XS
SM
MD
LG