Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико намояндаи худро ба Исломобод мефиристад


Иёлоти Муттаҳида ба хотири мутмаин сохтани Парвиз Мушарраф барои лағви вазъи фавқулодда дар Покистон намояндаи худро ба Исломобод мефиристад. Интизор меравад, ки муовини Котиби давлатии Амрико Ҷон Негропонте охирҳои ҳафта вориди Покистон шавад. Том Кейсӣ, сухангӯи вазорати хориҷаи ИМА гуфт, ки Ҷон Негропонте ҳангоми баррасии вазъ изҳороти қаблии Ҷорҷ Буш ва Кондализа Райсро такрор хоҳад кард, ки қаблан хостори аз байн бардоштани вазъи фавқулодда ва баргузории ҳарчӣ зудтари интихоботи озоду одилона ба порлумон шудаанд.

Парвиз Мушарраф ваъда дод, ки интихоботи порлумонӣ дар Покистон то рӯзи 9 январи соли оянда доир хоҳад шуд. Ва аммо мухолифини ҳукумат талаб доранд, ки қабл аз баргузории интихобот вазъи фавқулодда дар кишвар аз байн бардошта шавад.

XS
SM
MD
LG