Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Харҷи сангини ҷанг дар Ироқу Афғонистон


Сарони демократи Конгресси Амрико ҳангоми нишасти хабарӣ.
Сарони демократи Конгресси Амрико ҳангоми нишасти хабарӣ.

Сар аз соли 2002 президент Буш барои ҷанги Ироқу Афғонистон 804 млрд доллар хост, аммо рақибони демократи ӯ шумурдаанд, ки харҷи ҳақиқӣ ба 1,6 триллион доллар мерасад.

Ҷанги Ироқ мебоист кӯтоҳмуддат ва камхарҷ мешуд. Аммо дар нишасти матбуотие, ки ахиран дар Вошингтон доир гашт, пешвои вакилони Ҳизби демократ дар Конгресс Стени Ҳоер, хотиррасон кард, ки пеш аз оғози ҷанг дар моҳи марти соли 2003, раисиҷумҳур Ҷорҷ Буш ба Конгресс гуфта буд, ки харҷи ҷанг аз 50 то 60 миллиард долларро ташкил хоҳад дод.

Ҳоер инчунин ба ёд овард ки ёвари вақти раисиҷумҳур дар умури молӣ Лоренс Линдсӣ, пешгӯӣ карда буд, ки харҷи ҷанг хеле гаронтар, дар атрофи 200 миллиард доллар хоҳад шуд. Барои ин ҳадсаш баъдан Линдсӣ аз мақомаш барканор шуд. Ҳоер мегӯяд:

“Гузориши имрӯза нишон медиҳад ки арзиши ҳақиқии ин ҷанг ҳатто аз ҳадсҳои Линдсӣ ҳам чанд мартаба бештар хоҳад буд, дар амал 10 мартаба гаронтар аз он чизе ки Линдсӣ пешгӯӣ мекард. Биёед ҳақиқатро ошкоро гӯем: Мо бояд барои таъмини амнияти мардуми Амрико ҳар нархеро ки бошад пардохт кунем. Аммо бадбахтона, мутассифона ва ғайриқобили қабул аст, ки ҷанг моро амнтар намекунад”

Ҳамин тавр оилаи маъмулии амрикоӣ иборат аз чаҳор нафар барои пардохти масрафоти ду ҷанг дар Афғонистону Ироқ то соли 2008 дастикам 21 000 доллар масраф мекунад. Агар ҷанг 10 сол идома ёбад, тибқи баровардҳои ин гузориш ҳар як хонаводаи амрикоӣ бояд 46 000 доллар сарф кунад.

Раҳбари дигари демократҳои Сенат Ҳаррӣ Рейд, ки дар нишасти матбуотӣ дар канори Ҳоер нишаста буд, изҳор дошт ки демократҳо гузоришро ҳамчун асбобе барои маҳдуд кардани имкониятҳои Буш дар Ироқ истифода хоҳанд кард. Дар акси ҳол, афзуд ӯ масрафҳо руз аз рӯз афзоиш хоҳанд ёфт ва бо суръати ҳатто бештар аз он чи ки ҳоло тахмин зада мешавад:

Агар раисиҷумҳур Буш ба анҷоми нақшааш идома диҳад ва мо шумори сарбозони артишро коҳиш надиҳем, харҷи умумии ин ҷанг барои даҳсолаи оянда аз 3,5 триллион доллар ҳам мегузарад. Мо хамчун демократҳо алоқамандем сиёсатро дар Ироқ тағйир диҳем ва тазмин кунем ки ин рух надиҳад. Мо ба ҳайси бахши қонунгузори ҳукумат тамоми кӯшишамонро ба харҷ дода, ба раисиҷумҳур ва мардуми кишвар нишон хоҳем дод, ки мо бахши ҳамрутбаи раёсатҷумҳурием.”

Даниела Маркҳейм, таҳлилгари аршади Маркази пажӯҳишии Heritage Foundation бар ин ақидааст, ки чунин пешгӯиҳо муфиданд, аммо набояд кӯркӯрона ба онҳо такя намуд:

“Пешбиниҳои иқтисодӣ то андозае, ки онҳо ба омори дар ихтиёри мо буда мувофиқанд, хубанд, аммо мо бояд ҳамеша бо гузашти замон ба онҳо баргардем ва ислоҳ кунем. Мо бо чунин пешбиниҳо бояд хеле боэҳтиёт амал кунем, чунки бо гузашти замон бисёр нишондоҳои иқтисодӣ метавонанд, тағийр ёбанд ва ин тағийрот ба харҷи ҷанг таъсир хоҳанд кард.”

Ба ақидаи хонум Маркҳейм, ба арзиши ҷанг омилҳои зиёд таъсир мерасонанд ва аз баъзе ин омилҳо бо истифода аз чораҳои муоносиби иқтисодӣ мешавад пешгирӣ кард. Аммо вай мегӯяд афзоиши нархи нафт чанд сабаб дорад ва яке аз ин сабабҳо, албатта, ҷанг дар минтақаи тавлиди нафт мебошад. Бо вуҷуди ин дар солҳои охир иқтисодиёти кишварҳое ба монади Чин ва Ҳиндустон ба нафту сӯзишвории зиёд ниёзи бузург пайдо кардаанд ва ин ҳам яке аз омилҳои ҷаҳиши нархи нафт шудааст.

Демокартҳои Амрико ният доранд, ки маълумоти мазкурро барои қабули қонуни ҷадвали замонии хуруҷи нирӯҳои амрикоӣ аз Ироқ истифода кунанд ва танҳо дар ин сурат ба ироаи 50 миллиард доллари иловагии харҷи ҷанг розӣ шаванд.

XS
SM
MD
LG