Пайвандҳои дастрасӣ

Вазъи фавқулодда дар Гурҷистон лағв мешавад


Вазъи фавқулодда дар Гурҷистон рӯзи 16 ноябр аз байн бардошта хоҳад шуд. Дар ин бора Нино Бурҷанадзе, раиси порлумони Гурҷистон хабар дод ва афзуд, ки ин тасмими мақомоти олии кишвар аст. Ба гуфтаи хонум Бурҷанадзе, айни ҳол раҳбарони Гурҷистон ба хотири берун шудан аз бӯҳрони сиёсӣ машварат бо мухолифинро идома медиҳанд.

Раиси ҷумҳури Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ рӯзи 7 ноябр баъд аз саркӯб шудани гирдиҳамоии мухолифин дар сартосари кишвар вазъи фавқулодда ҷорӣ кард. Ба думболи ин ӯ эълом дошт, ки рӯзи 5 январи соли оянда дар Гурҷистон интихоботи раёсати ҷумҳур доир мешавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG