Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Консулгарии нави Тоҷикистон дар Екатеринбург


Дар шаҳри Екатеринбурги вилояти Свердловски Русия консулгарии Тоҷикистон кушода мешавад. Тибқи иттилоъи маркази матбуотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавриди ифтитоҳи консулгарӣ фармони раисчумҳури ин кишвар содир шудааст. Гуфта мешавад, ба ҳукумати Тоҷикистон супориш дода шудааст, то ҳайати кормандони консулгариро таъин ва барои кушодани он маблағи заруриро ҷудо созад.

XS
SM
MD
LG