Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варзиш ва зан дар Тоҷикистон


Маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш» ба нахустин конфронси ҷумҳуриявӣ, ки таҳти унвони «Зан ва варзиш» дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, бахшида шудааст.

Конфронс бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпии кишвар доир гардид.

Дар конфронс 35 нафар занон – намояндагони ташкилоту идораҳои давлатии соҳа ва созмону федеросиюнҳои варзишӣ аз манотиқи мухталифи кишвар ширкат доштанд.

Наргис Набиева, сардори раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт: «Конфронс ба баландшавии сатҳи касбии кормандони соҳа ва рушди баъдии варзиш байни занону духтарон мусоидат хоҳад кард.»

Барои шунидани ин барнома рамзи радио дар тарафи рости сомонаро клик кунед.

XS
SM
MD
LG