Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имкониятҳои мухолифони Гурҷистон дар интихобот


Бо вуҷуди саркӯби хушунатомези тазоҳуроти мухолифин ва эҷоди маҳдудият дар фаъолияти матбуот, раҳбари кунунии Гурҷистон Михаил Саакшивили ҳанӯз ҳам аз ҳимояти қавӣ бархурдор аст.

Аммо гурӯҳҳои аслии мухолифини давлати Гурҷистон умед бар он доранд, ки ин ҳол дер давом намекунад ва Леван Гачечиладзе - соҳибкор ва вакили порлумони кишвар метавонад дар интихоботи раёсати ҷумҳури соли 2008 овози бештарро ба даст оварда ва рақиби аслии Михаил Саакашвилӣ бошад. Раҳбари бонуфузи мухолифин Саломе Зурабишвилӣ, мегӯяд, афкори умум дар Гурҷистон рӯ ба тағйир аст.

Оё ин интизороти Гачечиладзе бароварда мешавад, ё не, аз он бастагӣ дорад, ки то куҷо дигар мухолифин дар атрофи ӯ муттаҳид хоҳанд шуд. То кунун шумори номзадон ба раёсати ҷумҳурӣ 3 нафарро ташкил медиҳад.

- Шалва Нателашвилӣ- раҳбари ҳизби кори Гурҷистон,

- Довуд Гамрелидзе, раҳбари Ҳизби Ростгароҳои нав

- Бадрӣ Патаркатсашвилӣ, сарватманди гурҷӣ

Ҳанӯз рӯшан нест, ки дар ниҳоят кадоме аз онҳо дар интихоботи раёсати ҷумҳур ширкат мекунанд, вале баёнияҳои онҳо ихтилофот дар миёни аҳзоби мухолифи Гурҷистонро нишон медиҳад ва онҳо дар рақобат бо раисҷумҳури феълӣ чизи зиёде ба даст оварда наметавонанд. Шореҳи сиёсӣ Бакур Хвашилава мегӯяд, дар воқеъ, иттиҳоди мухолифин аз аввал ба қавле ларзонак будааст.

Шӯрои миллии Гурҷистон аз даҳ ҳизб ташкил ёфтааст ва ҳар яке аз онҳо ғояву барномаҳои мухталиф доранд. Ду ҳизби муҳими мухолифи давлати Гурҷистон: Ростгароҳои Нав ва Ҳизби Санъатӣ ба Шӯрои миллӣ напайвастанд, вале ҷонибдори бисёре аз корҳои он мебошанд. Ба гуфтаи таҳлилгари гурҷӣ, Хвашилава, ҳатто дар тазоҳуроти 70 - ҳазор нафарии мухолифин, ки дар Тифлис чанде пеш доир шуд, шиору назарҳои мухталиф ва носозгор ба ҳам садо медоданд.

Ба гуфтаи Гачечалидзе, дар сурати пирӯзӣ дар интихобот вай сохтори давлатдории президентӣ дар кишварро барҳам медиҳад. Номзадҳои дигар ҳанӯз доир ба мавқеъу барномаҳояшон чизе нагуфтаанд, вале боз ҳам ба эҳтимоли ғолиб онҳо пирӯзии сиёсии мувафақона нахоҳанд дошт.

Дигар ин ки бар изофаи мухолифатҳои дохилӣ аҳзоби мухолифи Гурҷистон имконоти маҳдуд барои нишон додани худ ба мардум доранд. Чун корзори интихоботи 5 январ - 22 ноябр шуруъ мешавад ва ин аҳзоб дар зарфи бештар аз як моҳ қодир ба ҷалби мардум ба суи худ нахоҳанд буд.

XS
SM
MD
LG