Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиши Душанбе амали террористӣ номида шуд


Қурбоналӣ Муҳаббатов - додситони шаҳри Душанбе пас аз боздиди маҳалли таркиш ин ҳодисаро амали террористӣ унвон кард.

Ҷаноби Муҳаббатов, ки дар маҳалли таркиш бо хабарнигорон сӯҳбат мекард, гуфт, ҳанӯз ҳаҷми маводи тарканда ва иқтидори таркиш маълум нашудааст.

Қурбоналӣ Муҳаббатов дар маҳалли таркиш

Оқои Муҳаббатов гуфт, имрӯз дар робита аз ҷониби Вазорати амният парванди ҷиноӣ боз мешавад ва тафтишот низ аз ҷониби ҳамин ниҳод пеш бурда хоҳад шуд.

Таркиш дар дақоиқи аввали соати 8-и субҳи имрӯз, 14 ноябр, дар назди бинои Кохи Ваҳдат дар шаҳри Душанбе рух дод, ки дар натиҷаи он як нафар ҷони худро аз даст дод.

Тибқи иттилои ғайрирасмии пешакӣ - исми қурбонӣ бобои Иброҳим - фарроши Кохи Ваҳдат будааст. Ба гуфтаи шоҳиди айнӣ, бобои Иброҳим ҳангоми дидани чизе шабеҳи маводитарканда, онро ботааҷҷуб рӯи даст мегирад ва таркиш дар ҳамин ҳангом сурат мегирад.

Феълан дар назди ин сохтмон нирӯҳои полис, кормандони вазоратҳои амният ва умури дохила қарор доранд ва бо муҳосираи маҳалли таркиш, талош доранд асли ҳодисаро таҳқиқ кунанд.

Таркиш дар зери тирезаи раиси Кохи Ваҳдат Холмаҳмад Исоев рух додааст. Оқои Исоев дар лаҳзаи таркиш дар утоқи кории худ будааст, аммо ҷон ба саломат бурдааст. Тамоми тирезаҳои атрофи маҳалли ҳодиса шикаста деворҳои Кохи Ваҳдат хароб шудааст.

Кохи Ваҳдат як сохтмони маъмурӣ - қароргоҳи Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ мебошад. Аз рӯи огаҳиҳое, ки дар деворҳои ин сохтмон ба назар мерасад, имрӯз соати 9 бояд Вазорати ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон дар ин сохтмон як нишастеро барпо мекард.

Дар 100-метрии ин сохтмон сафорати Ӯзбакистон ва поёнтар аз он меҳмонхонаи «Авасто» ҷойгиранд. Ба хотири амният, муштариёни меҳмонхонаи "Авасто" ба меҳмонхонаҳои дигар кӯч дода шудаанд.

Ғайр аз ин, нишасте, ки бояд субҳи имрӯз дар Кохи Ваҳдат баргузор мешуд, тибқи иттилои расмӣ, ба маҳалли дигар гузаронида шуд.

XS
SM
MD
LG