Пайвандҳои дастрасӣ

Таркише дар Душанбе эҳтимолан ҷони 1 нафарро гирифтааст


Дар соатҳои 8:07 субҳи чоршанбе, 14 ноябри соли 2007 дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе таркише рух дод. Навбатдори вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ бо таъйиди хабари вуқӯи таркиш гуфт, ки ин ҳодиса дар наздики Кохи Ваҳдат рух додааст. Навбатдори Вазорати дохила дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки эҳтимол дорад 1 нафра бар асари ин таркиш ҷони худро аз даст додааст. Хабарнигори Озодӣ аз ҷои ҳодиса гузориш медиҳад, ки як автобуси сӯхтаи тамғаи Икарус дар хиёбон намудор мебошад, ҳарчанд нирӯҳои полис маҳалли ҳодисаро иҳота карда нафареро барои наздик шудан ба маҳалли таркиш иҷоза намедиҳанд.

XS
SM
MD
LG