Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кохи Сафед гузориши хароҷоти ҷангро рад кард


Кохи Сафед гузориши Конрессро рад кард, ки гуфтааст, масрафоти ҷанги ин кишвар дар Афғонистону Ироқ 1,6 триллион долларро ташкил додааст. Дана Перино, сухангӯи Кохи Сафед гуфт, ки гузориши кумитаҳои муштараки иқтисодии Конресс маҳсули дасти демократҳо буда, аз ҳамин хотир якҷониба ва сиёсӣ мебошад. Маблағи дар ҳаҷми 1,6 триллион доллар қариб ду баробар бештар аз он қиматест, ки Кохи Сафед тақозо мекунад. Дар гузориши мазкур инчунин баъзе масрафоти пӯшидае зикр мешавад, ки дар ҷанг истифода шудааст, ба мисли сармояҳои аздастрафта, табобати дарозмуддати маъюбони ҷанг ва баҳои нафт дар бозори ҷаҳонӣ. Гузориши мазкур пешгӯйӣ кардааст, ки то соли 2017 барои ҷанги Ироқу Афғонистон бояд на камтар аз 3,5 триллион доллар харҷ шавад. Раҳбари аксарияти демократҳои Сенат Ҳарри Рейд гузориши мазкурро бо ҳадафи танқиди стратегияи ҷанги Ҷорҷ Буш истифода кард. Вай гуфт:

"Агар президент Буш ба кори худ идома диҳаду мо сарбозҳоямонро барнагардонем, масрафоти куллии ин ҷангҳо дар даҳсолаи оянда метавонад ба 3,5 триллион доллар расад. Мо, демократҳо, вазифадор ҳастем, ки сиёсати кишварамонро дар Ироқ тағйир дода пеши роҳи онро бигирем. Мо ҳар кори имконбахшро анҷом дода дастаҷамъона ба ҳайси бахши қонунгузори ҳукумат ҳамкорӣ хоҳем кард. Мардуми Амрико медонанд, ки мо бахши баробарвазни ҳукумат дар назди президент ҳастем".

Гузориш чанд рӯз пеш аз раъйдиҳии Маҷлиси Намояндагон дар масъалаи ихтисоси 50 миллиард доллари иловагӣ ба ҷанги Ироқ бо шарти бозгардони нирӯҳо аз ин кишвар муаррифӣ шуд.

XS
SM
MD
LG