Пайвандҳои дастрасӣ

Баррасии интиқоли барқи Туркманистон ба Тоҷикистон дар Тошканд


Дар Тошканд масъалаи интиқоли барқи Туркманистон ба Тоҷикистон тариқи хатҳои барқгузари Узбакистон ҳаллу фасл мешавад. Феълан Шарифхон Самиев, раиси ширкати Барқи Тоҷик, дар пойтахти Узбакистон бо ҳамтоёни узбаки худ замон ва тартиби интиқоли як миллиард киловот соат барқи туркманиро баррасӣ дорад. Туркманистон омода аст, барқи ваъдагиро ба Тоҷикистон таҳвил диҳад, аммо бе иҷозаи Узбакистон дарёфти ин барқ барои Тоҷикистон имконнопазир аст. Дар миёнаҳои моҳи октябр мақомоти Узбакистон гуфта буданд, ки хатҳои барқгузари ин кишвар барои транзити барқи туркманӣ омода аст ва ин раванд авоили моҳи ноябр шурӯъ хоҳад шуд, аммо бо гузашти рас оду ҳафта аз рӯзи таъиншуда, барқи Туркманистон ба Тоҷикистон нарасидааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG