Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таҷлили сессияи 16-ум дар Хуҷанд


Имрӯз раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди устони Суғд мешавад, ки расо 15 соли пеш дар он ҷо ба сари қудрат омада буд. Ин боздиди серӯзаи Эмомалӣ Раҳмон ба шимоли кишвар дар чаҳорчӯби 15-умин солгарди иҷлоси таърихии 16-уми Шӯрои олӣ дар соли 1992 сурат мегирад. Интизор меравад, раиси ҷумҳур дар расми кушоиши корхонаи тавлиди сементи «Амон», Кохи фарҳанги «Абрешимчӣ» ва бемористони вилоятии амрози қалб дар шаҳри Хуҷанд ширкат варзад. Дар Душанбе 15-солагии иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ рӯзи баргашти раиси ҷумҳур аз Хуҷанд – 17-уми ноябр таҷлил мешавад. Дар ин рӯз баргузории барномаҳои ҳунарию намоишгоҳҳо дар назар аст.
XS
SM
MD
LG