Пайвандҳои дастрасӣ

Нақшаи пахта боз иҷро намешавад


Вазорати кишоварзии Тоҷикистон мегӯяд, имсол нақшаи ҷамъоварии пахта ба эҳтимоли қавӣ иҷро намешавад. Манобеъи ин ниҳод мегӯянд, бо вуҷуди ин ки ҳавои феълӣ барои ғунучин мусоид аст ва то анҷоми мавсим 15 рӯзи дигар боқӣ мондааст, чиниши 140 ҳазор тон пахта, ки барои иҷрои нақшаи солона кифоят намекунад, аз воқеият дур аст. То имрӯз тақрибан 75 дар сади нақшаи солонаи истеҳсоли пахта дар Тоҷикистон иҷро шудааст. Сабаби ақибзадагӣ дар иҷрои ин тарҳҳо масъулини вазорати кишоварзӣ дар ҳосили ками пахта дар саҳроҳо медонанд. То имрӯз 409 ҳазор тон пахта чида шудааст, дар ҳоле ки бояд 550 ҳазор тон пахта тавлид шавад.

XS
SM
MD
LG