Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии тарҳҳои энержӣ аз ҷониби Душанбеву Теҳрон


Мутахассисони тоҷику иронӣ тарҳи сохтмони ду нерӯгоҳи барқи обӣ дар Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор додаанд. Ҳадафи омӯзиш, ки се моҳ идома мекунад, ин аст, ки асосҳои фаннию иқтисодии нерӯгоҳҳои Шӯроб ва Айнӣ коркард ва тартиби ширкати ҷонибҳо дар сохтмони ин иншоот рӯшан карда шавад. Натоиҷи корӣ муҳаққиқон ба вазоратҳои ёнерқии Тоҷикистону Эрон пешниҳод мешавад. Ёдрас мекунем, нерӯгоҳи Шӯроб, дар 35-километрии нерӯгоҳи Роғун, баъд аз сохта шуданаш, солона беш аз се миллиард киловот соат барқ тавлид хоҳад кард. Тибқи арзёбиҳои муқаддамотӣ, барои иҷрои ин тарҳ 900 миллион доллари амрикоӣ сармоя лозим аст.

XS
SM
MD
LG