Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА ширкати нафтии Беларусро таҳрим кард


ИМА дирӯз болои як ширкати бузурги нафту маводи кимиёии Беларус, ки гуфта мешавад аз ҷониби раиси ҷумҳурӣ Александр Лукашенка назорат мешавад, таҳримҳои молӣ ҷорӣ кард. Ин иқдоми вазорати молияи Амрико зидди ширкати давлатии Нафту кимиёи Беларус, ки намояндагиҳои худро дар Олмону Латвия, Украинаву Русияву Чин дорад ва инчунин зидди корхонаи фаръии он "Белнефтехим-Амрико" гирифта шудааст. Ҳама дороиҳои ин ширкат, ки дар қаламрави Амрико ошкор мешавад, бояд масдуд шавад, мегӯяд вазорати молияи ин кишвар. Инчунин, ба шаҳрвандони Амрико ҳамкориҳо бо ин ширкат ва намояндагиҳои он манъ мешавад.
XS
SM
MD
LG