Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як додситони белгиягӣ ҷои Карла Дел Понте меояд


Серж Браммертс, додситоне, ки парвандаи қатли нахуствазири Лубнон Рафиқ Ҳаририро дар додгоҳи СММ раҳбарӣ кардааст, дар мурофиаҳои ҷинояткорони ҷангии собиқ Югославия ҷойгузини Карла Дел Понте баргузида шуд. Дар номае ба унвонии Шӯрои амнияти СММ, дабири кулли СММ Бан Ки Мун гуфт, ки вай номзадии як додситони белгиягиро ба мақоми хонум Дел Понте пешниҳод кардааст. Карла Дел Понте бояд то охири соли ҷорӣ аз вазифаи худ канор равад. Вай тайи ҳашт сол раҳбари додгоҳи ҷиноятҳои ҷангии Югославия буд ва дар ин муддат нафарони зиёдро ба муҷозот кашонд.
XS
SM
MD
LG