Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай ширкати атфолро дар маросимҳои давлатӣ манъ кард


Раиси ҷумҳурии Афғонистон Ҳомиди Карзай гуфт, ки аз ин ба баъд ҳеҷ як кӯдак ба маросимҳои давлатӣ роҳ дода нашавад. Изҳороти вай чанд рӯз баъди як таркиши даҳшатноки интиҳорӣ дар Бағлон садо медиҳад, ки мунҷар ба марги 59 нафар, аксар кӯдакони мактабхон шудааст. Карзай дирӯз дар ҷараёни як нишасти матбуотӣ гуфт, ки кӯдакон дигар набояд ба маросимҳои шодбоши мақомот роҳ дода шаванд, то ки мавриди ҳадафи душман қарор нагиранд. Мактаббачаҳое, ки дар таърихи 6 ноябр дар шимоли Афғонистон мавриди ҳамлаи маргталабе қарор гирифтанд, дар хиёбони наздики корхонаи қаннодӣ барои пешвози ҳайати парлумонӣ саф ороста буданд.
XS
SM
MD
LG