Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як мақоми амрикоӣ ба Покистон меравад


Нахуствазири собиқи Покистон Беназир Бҳутто аз Парвиз Мушарраф даъват кард, ки аз мақоми раиси ҷумҳурӣ канор равад. Бҳутто гуфт, ки намехоҳад ба ҳайси нахуствазир бо Мушарраф кор кунад ва омода аст ба хотири барқарии демократия, бо дигар раҳбарони мухолифин, аз ҷумла нахуствазри собиқ Навоз Шариф як эътилофе ташкил кунад. Дар ҳамин ҳол, дирӯз генерал Мушарраф дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии NBC аз шаҳри Исломобод тасмимҳои гирифтаи худро ҳимоят кард. Вай гуфт:

"Ман пурсиданӣ ҳастам, ки оё демократия муҳимтар аст ё кишвар, дар ҳоле, ки кишвар рӯ ба поин ҳаракат дораду ба як давлати ноком мубаддал мешавад? Оё хатми ин ҳама муҳимтар аст ва ё пешбурди низоми демократӣ - низоми ба истилоҳ демократӣ? Кадоми инҳо муҳимтар аст? Албатта наҷоти ҳукумат, наҷоти миллат муҳимтар аст".

Дар таҳаввулоти дигар, вазорати хориҷаи Амрико гуфтааст, ки муовини вазир Ҷон Неграпонте то охири ҳафтаи ҷорӣ ба Покистон сафар карда аз Мушарраф тақозо хоҳад кард, ки дар пешорӯи интихоботи парлумонии моҳи январ низоми изтирориро бекор кунад.
XS
SM
MD
LG