Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Базми Ҷалолуддини Балхӣ дар Прага (Видео)


Лаҳзае аз консерти 11 ноябр соли 2007 дар Прага.
Лаҳзае аз консерти 11 ноябр соли 2007 дар Прага.

Ҷашни 800-солагии адиб ва файласуфи оламшумул Мавлоно Ҷалолуддин Балхии Румӣ дар Прага бо шеъру мусиқиву самои дарвешӣ се шабу се рӯз идома кард.

Имсол донаҳои барфи аввали шаҳри Прага мисли рақси сӯфиён ба замин менишастанд. Эҳтимол онҳо низ мисли ҳозирин дар театри "V Dlouhe" аз ашъори Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румӣ, оҳангҳои дилнишин ва самои дарвешон ҳаловат мебурданд.

Ҷашнвораи "Румӣ зинда аст!" дар Ҷумҳурии Чех бо дастгирии муассисаи фарҳангии СММ (Unesco) дар чорчӯби таҷлили саросарии 800-умин зодрӯзи Мавлоно барпо шудааст.

Ҷашнвора дар пойтахти фарҳангии Аврупои Марказӣ ба монанди эҷодиёти Румӣ чанд симову чанд марҳиларо дар бар гирифт.

Раиси ҷашнвора хонуми чех Рена Милгром мегӯяд, ӯ даҳ сол пеш аввалин дафъа бо аъшори Мавлоно ошно шуда, аз ҳамон лаҳза орзу дошт ӯро ба мардуми чех муаррифӣ намояд: "Ба фикрам мардум бояд паёми амиқи ҳикматҳои Мавлоноро таҳқиқ намоянд, зеро он хеле ҳам муосир ва муҳим аст".

Дар рӯзҳои аввали ҷашнвора як нишасти хосе доир шуд, ки дар он шарқшиносони маъруфи Аврупои Марказӣ пиромуни тасаввуф ва эҷодиёти Румӣ табодули назар карданд. Устод аз Полша ва ё Лаҳистон Марек Смурзинскӣ мегӯяд, то 30-40 соли пеш эҷодиёти Румӣ аз Фаронсавӣ, англисӣ ва олмонӣ ба забонҳои мардуми Аврупои Марказӣ тарҷума мешуд, вале ҳозир ин амал мустақиман анҷом мешавад. "Банда як тарҷумаи ҷадиде ироа медиҳам имсол. Умедворам дар як моҳи оянда чоп шавад, ки дар он қофияву вижагиҳои хоси ғазалиёти Румӣ ҳифз шуда бошад."

Овозхони эронӣ Ризои Дурахшонӣ аз базм ва пазироии ҳозирин хурсанд буд: "Хеле хушҳолам, ки дар шаҳри Прага барнома доштем ва аҳолии шаҳр ба назар мерасад, хеле ҳаммардуми ҳунардӯсте мебошанд. Дӯстони форсизабон ҳам буданд ва маҷмуан барои мо шаби ширине буд."

Ва аммо меҳмонони базм чӣ назар доранд. Ҳунарнамоӣ ба хонуми чех Зузана Ҳродкова хеле писанд омадааст: " Ман дар бораи Румӣ чизе нашунида будам. Ба ман рақси онҳо маъқул шуд."

Сайёҳи испаниявӣ Алехандро Мартинез бо ҳайрат мегӯяд, ки ҳеҷ пешбинӣ намекард дар Ҷумҳурии Чех бо эҷодиёти адибу файласуфи форсзабони асрҳои миёна ошно мешавад: "То ин вақт ман ҳеҷ гоҳ аз ашъори Румӣ чизе нашуда будам."

Ҳунарманди амрикоӣ Ҳерн Гадбойс аз хурдӣ ба мусиқиву ҳаёти дарвешӣ муҳаббати хос доштааст. "Ашъори Румӣ бо мусиқӣ ҳамоиши хуб дорад. Ман мусиқии форсӣ, афғонӣ ва Осиёи Марказӣ ва Африқоро дӯст дорам."

Ҳунарманди мардумии Озарбойҷон Сашор Зариф ба забони модариаш ашъори Румиро замзама кард ва гуфт: "Мавлоно аз ашхосе мебошад, ки рақсу мусиқиро аз шеър ҷудо надонистааст ва ин сегонаро аз ҳамдигар ҷудо накардааст."

Таҷлил аз 800 солагии Румӣ дар мамолики Аврупои Марказӣ то охири соли идома хоҳад дошт ва моҳи оянда дар шаҳрҳои Варшава ва Краков ҷашнвораҳои Румӣ барпо мешавад.

XS
SM
MD
LG