Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Афзоиши таваҷҷӯҳи Иттиҳоди Аврупо ба Осиёи Марказӣ


Шоҳзода Карими Оғохон мегӯяд, ҷаҳон бояд сармоягузорӣ ба Осиёи Марказиро афзоиш диҳад.

Шоҳзода Карими Оғохон мегӯяд, ҷаҳон бояд сармоягузорӣ ба Осиёи Марказиро афзоиш диҳад.

Ширкаткунандагони ҳамоиши Авруосиёии Берлин ба афзоиши сармоягузориҳо дар иқтисодиёти Осиёи Марказӣ даъват карданд.

Як ҳайати давлатии Тоҷикистон таҳти сарварии вазири корҳои хориҷӣ Ҳамроҳхон Зарифӣ ба Берлин сафар кард, то дар ҳамоиши намояндагони ин минтақа ва масъулони Иттиҳоди Аврупо ширкат кунад. Дар он ба ғайр аз фиристодагони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ намояндагони Афғонистон ва Озарбойҷон низ ҳузур доранд.

Яке аз ширкаткунандагони ҳамоиши Берлин, шоҳзода Карим Оғохон, раҳбари маънавии исмоилиён, ба афзоиши сармоягузориҳои байнулмилалӣ дар Осиёи Марказӣ даъват кард. Вай ҳамчунин ба зарурати таҳкими зербинои иқтисодӣ дар ин минтақа, хоса шабакаҳои роҳу нақлиёт таъкид кард. Вазири умури хориҷии Олмон Франк Волтер-Штейнмайер гуфт, зимни захираҳои бузурги нафту газаш аҳамияти Осиёи Марказӣ барои Аврупо дар ҳоли афзоиш аст. Кумисионери умури берунаи Иттиҳоди Аврупо Бенита Ферреро Валднер гуфт, тиҷорат байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар солҳои охир босуръат густариш меёбад ва ҳоло ин иттиҳод яке аз бузургтарин шарикони тиҷоратии Осиёи Марказӣ буда, 30 дарсади тиҷорати ин минтақаро ба худ тахассус додааст.

Барои яке сабақи ҳамкориҳои минтақаӣ муҳим аст, барои дигаре захираҳои инержӣ...

Хабарнигори бахши марказии Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо Аҳто Лобйакас мегӯяд, ҳадаф аз ҷамъомад таҳкими робитаҳои ин иттиҳод бо давлатҳои Осиёи марказист, зимнан ин идомаи мулоқоти вазирони иттиҳод ва давлатҳои минтақа дар Остонаи Қазоқистон ва ҳам идомаи сафарҳои масъули сиёсатҳои берунаи Иттиҳоди Аврупо Ҳавиер Солана ба минтақа аст. Вай мегӯяд: "Ин ҳамоиши ба таври ғайримаъмул баландпоя бори дигар нишон медиҳад, ки Олмон дар пайи пешқадамӣ дар иҷрои стратегияии осиёимиёнагии Иттиҳоди Аврупост. Сабабҳои чунин иқдом зиёданд ва пеш аз ҳама ин аст, ки Иттиҳоди Аврупо мехоҳад ба захираҳои саршори инержии дастрасии беҳтаре дошта бошад. Сониян, муносибатҳои печидаи Иттиҳоди Аврупо бо Русия низ дар ин барнома нақш доранд. Аз миёни панҷ давлати Осиёи Марказӣ иттиҳод танҳо бо Узбакистон равобити ноҳамвор дорад. Аммо ахиран масъулони иттиҳод баъзе аз онҳоро сабуктар карданд ва мехоҳанд, ҳамаи бастари таҳримҳоро бознигарӣ кунанд. Осиёи Марказӣ як қаламрави имтиҳонҳои иттиҳод аст ва он талош дорад, ба муколама ва ҳамкорӣ бартарӣ диҳад, аммо на дар ивази манофеъ ва арзишҳои дифоъӣ ё бунёдии худ."

Мушовири сафорати Тоҷикистон дар Олмон Игор Сатторов мегӯяд: "То он ҷо ки дар Иттиҳоди Аврупо ба мушоҳида мерасад, аҳамияти Осиёи Марказӣ барои Аврупо дар оянда низ афзоиш хоҳад ёфт. Баъд аз понздаҳ соли истиқлолият давлатҳои Осиёи Марказӣ аллакай дар соҳаҳои ислоҳоти сиёсӣ ва иқтисодӣ ба пешрафтҳои муҳиме ноил шуданд, аммо бо сабаби дар иҳотаи хушкӣ будани роҳи дарёӣ надоштанашон ва ҳамсарҳад набуданашон бо кишварҳои муҳим, худи давлатҳои Осиёи Марказӣ ба Иттиҳоди аврупо таваҷҷӯҳи зиёд медиҳанд, то аз таҷрибаи Иттиҳоди Аврупо дар рушди минтақаӣ сабақ бардоранд. Худи иттиҳод низ ба ин ҳамкорӣ рағбат дорад. Он мехоҳад дар эҳёи долонҳои нақлиётӣ ва эҳёи Роҳи бузурги Абрешим мусоидат кунад, ки метавонад ба эҳёи иқтисодии минтақа сабаб гардад."

Ба ин тартиб як бозингари дигари нирӯманди саҳнаи геополитикии Осиёи Марказӣ фаъолтар мешавад ва ҷойи пои худро мехоҳад. Оё дар Душанбе ба ин таҳаввулоти тоза чи назар доранд. Ин мавзӯъро ин ҷо метавонед, мутолиа кунед.

XS
SM
MD
LG