Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Канораҷӯии ҷавонон аз сиёсат


Ҷавонони Тоҷикистон ба умури сиёсӣ хеле кам таваҷҷӯҳ доранд ва шумори аъзои ҷавон дар ҳизбҳои сиёсии кишвар ниҳоят кам аст.

Исмоил Талбаков, аъзои ҳизби комунисти Тоҷикистон ва вакили мардуми дар парлумони кишвар, мегуяд, сатҳи пасти дониши сиёсии ҷавонон боис гаштааст, ки ҷавонон дар интихоби мавқеъи сиёсии худ азият кашида, аҳамияти иштироки фаъоли худро дар ҳаёти сиёсиии ҷомеъа, чандон дарк накардаанд. Вай гуфт, барои баланд бардоштани савияи сиёси ва муайян намудани мавқеъи сиёсии ҷавонон дар ҷомеъа аз мактаби миёна ва созмонҳои мактаби оғоз мешавад ва мо бояд имкон фароҳам оварем, ки ҷавонон аз хурди дар созмонҳои ибтидои иштирок намуда аз донишҳои муосири сиёсӣ бархурдор бошанд.

Зарафо Раҳмони, сардабири маҷалаи «Найсон» ва яке аз аъзоёни ҷавони ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон, мегуяд, имрӯз як гурӯҳи хурди ҷавонони фаъол аз узвият ба ҳизбҳои ғайри ҳоким меҳаросанд. Зеро ба ақидаи онҳо танҳо шомил шудан ба ҳизби ҳоким метавонад, муваффақияти бештари онҳоро барои ишғоли мансабҳои давлати кафолат бидиҳад. Вай гуфт, аммо агар ҷавони бедордилу равшанфикр бошанд, мефахманд, ки дар ҷомеъаи демократӣ бояд бисёрҳизбӣ бошад ва ҳамин чиз ба ҷавонон манфиатовар аст».

Нилуфари Собир, хабарнигори ҳафтаномаи «Нигоҳ», ки ғолибан оид ба масоили сиёсӣ менависад, бар ин назар аст, ки сабаби аслии камтаваҷҷуҳии ҷавонон ба сиёсат, мушкили шадиди иктисодии онҳост ва ин боиси он гардидааст, ки ҷавонон имрӯз ғолибан дар бораи қути лоямут фикр кунанд, то ба сиёсат ва масоили ба он марбут.

Дар баробари ин, ба гуфтаи Нилуфари Собир, дар Тоҷикистон узвият ба ҳизб ё дигар ҳаракоти сиёсӣ чандон аҳамияти муҳим надорад. Вай афзуд, барои мисол ҷавонон ҳеҷ вақт наметавонанд, ки узви парлумон бошанд, бо ин ки узви ин ё он ҳизб ҳастанд. Наметавонанд, ки вобаста ба донишу лаёқат соҳиби мансаб ва вазифаҳои давлатӣ шаванд. Ҳатто дар таъсиси ниҳодҳои хусусӣ ва амалӣ кардани барномаҳое, ки онҳо ба ин ё он созмонҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ пешниҳод мекунанд, камтар муваффақ мешаванд, мегуяд ӯ.

Дар ҳамин ҳол соҳибнаҳарон мегуянд, ки аҳзоби сиёсии Тоҷикистон бояд фаъолияти худро тақвият бахшанд ва ҷавононро ташвиқ кунанд, то ки аз фаъолияти сиёсии ҷомеъа дур набошанд. Дар акси ҳол худи аҳзоб бе ҳимояти қишри асосии ҷомеъа, яъне ҷавонон мемонад ва бепарвоии ҷавонон, боиси идомаи мушкилоти мавҷудаи рӯзгори онҳо хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG